Агар барои ҳифзи растаниҳо аз беморӣ ва зараркунандаҳо чораҳои саривақтӣ набинанд, мумкин то 60 фоизи ҳосил нобуд шавад. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2024 дар майдонҳои вилояти мо миқдори зараркунандаҳои растаниҳо меафзоянд. Ба ин зимистони нисбатан гарм ва мулоим мусоидат мекунад. Барои пешгирии ривоҷи воқеа ба тарафи манфӣ чӣ хел корҳо амалӣ карда мешаванд?
Соли равон 4723‑то хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳои ғалла дар вилоят кишти 94230 га ғалла ва 70214 га пунбаро ба нақша гирифтаанд. Барои ҳифзи ин растаниҳо аз зараркунанда ва бемориҳо кормандони Агентии карантин ва ҳимояи растаниҳои тобеи Вазорати хоҷагии қишлоқ ва филиали вилоятии Институти илмӣ-тадқиқотии карантин ва ҳифзи растаниҳо хеле корҳоро амалӣ мекунанд.
Нозирони назорати давлатии фитосанитарӣ соли равон дар вилоят дар 94230 га ғаллазор, 23853 га боғ, 30417 га токзор, 26987 га майдонҳои обчакорӣ, 1565 га полезӣ ва 348 га гармхона корҳои назоратӣ гузаронданд. Дар натиҷаи ин амалҳо, олимон ва мутахассисони соҳа дар 94,2 ҳазор га майдонҳои ғалла, 55 ҳазор га зироатҳои хӯшадор паҳн шудани алафҳои бегона, 94,2 ҳазор гектар бемориҳои дигар, 42,8 ҳазор га зараркунандаҳоро пешбинӣ намуданд.
Барои пешгирии саривақтии ин ҳодисаҳои манфӣ кластерҳои ғалла ва хоҷагиҳои фермерӣ захираи кифояи воситаҳои ҳифз ва мубориза бар зидди беморӣ ва зараркунандаҳоро омода карданд.
Барои обёрии бошарбат 18,8 ҳазорто чуқурӣ кофта, аз ҳисоби 3 тонна ба 1 гектар ҳамагӣ 290,1 ҳазор тонна нуриҳои маҳаллӣ бароварданд, то ки ҳосилдории ғалладонаҳоро баланд ва устувории онҳоро ба беморӣ ва зараркунандаҳо зиёд кунанд.
Инчунин, дар 24 ҳазор га майдон паҳншавии ширинча (три-трилс), дар 30 ҳазор га канаи тортанак, 26,4 ҳазор га зараркунандаҳои дигар пешбинӣ шудааст. Вале гуфтан мумкин аст, ки мутахассисон ва кормандони хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо ба мубориза бар зидди онҳо пурра тайёр шудаанд.
Имрӯз ба аксарият маълум аст, ки барои рӯёндану парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза киштҳоро аз зараркунанда ва бемориҳо бо усулҳои биологӣ ҳимоя карда, то ҳадди имкон заҳрҳои кимиёвиро камтар истифода бояд бурд.
Бинобар ин, муҳим аст ки биолабораторияҳои хоҷагиҳои вилоятамон беҳтар кор кунанд ва мутахассисони онҳо ба вазифаҳои худ бо масъулият нигаранд. Ҳоло дар ноҳияҳо 32‑то чунин лабораторияҳо фаъолият доранд. Дар онҳо биопрепаратҳое чун бӯка (трихограмма), бракон ва зарчашмак (златоглазка)-ро истеҳсол мекунанд, ки онҳоро бар зидди зараркунандаҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд.
Соли гузашта бар зидди ширинча (дар 171,3 ҳазор замин га) ва канаи тортанак (255,5 ҳазор га пахтазор) зарчашмак, «совка» (278,3 ҳазор га) трихограмма ва зараркунандаҳои гуногун (224,1 ҳазор га) «бракон»-ро истифода бурданд. Дар майдони пахта ҳамагӣ 75300 то домҳои феромонӣ — якто дар ҳар гектар барои назорати паҳншавии шабпаракҳои «совка» гузошта шуданд.
Барои назорати иҷрои чорабиниҳои муттафиқона бар зидди зараркунандаҳои асосӣ (канаи тортанак ва ғайра), бемориҳо ва алафҳои бегона дар пахтазорҳо «30 рӯзи зарбдор» эълон карда шуд. Барои ташкили чорабинии мазкур ба ҳар ноҳия мутахассисони соҳибихтисос вобаста гардиданд. Бо ҷалби мудирони биолабораторияҳо ва мутахассисон бар зидди канаи тортанак, «совка», бемориҳо ва алафҳои бегона чораҳо дида шуданд. Инчунин, назорати майдонҳо ва мониторинг амалӣ гардиданд. Бо фермерон роҷеъ ба нақш ва аҳамияти усулҳои мубориза бо зараркунандаҳо семинарҳо гузаронданд.
Бо мақсади дар соли 2024 то ҳадди ақал кам кардани паҳншавии бемориҳои хавфнок ва зараркунандаҳо чун занги зард ва тира, ғаломуси сиёҳ ва мағори реша, ҳангоми парвариши растаниҳои ғалладона зери назорати нозирони давлатии назорати фитосанитарӣ аз рӯи меъёрҳо 29,1 тонна тухмӣ коркард карда шуд.
Ғайр аз ин, ҳангоми парвариши ғалладонаҳо мо тавсия додем, ки барои нест кардани алафҳои бегона ва манбаи паҳншавии организмҳои зарарнок канори майдонҳоро бо доруҳои кимиёвии заҳрашон камтар коркард кунанд. Дар навбати худ зарур аст, ки дар оянда фаъолияти биолабораторияҳои минтақаи моро мукаммалтар карда, дараҷаи истеҳсолӣ ва сифати онҳоро боз ҳам баландтар бардошт ва технологияи истеҳсоли биоперепаратҳоро беҳтар кард. Барои ин кадрҳои баландихтисос заруранд. Мутахассисони соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо дар Институти агроинноватсия ва тадқиқотҳои Самарқанд ва институти агробиотехнологияҳо ва бехавфии хӯроквории Донишгоҳи давлатии Самарқанд тайёр карда мешаванд.
Барои дар асоси илмӣ ривоҷёбии соҳа набудани маҷмӯи паҳнкунии дониш ва ахбор роҷеъ ба хоҷагии қишлоқ, ки тадқиқотҳои илмӣ, таълимӣ ва хизматҳои ахборӣ — консултатсиониро ба якдигар вобаста мекунад, яке аз ғавчӯбҳои хеле калон мебошад. Ҳоло дараҷаи сармоягузориҳои давлатӣ ба тадқиқотҳои илмӣ ҳамагӣ ба 0,2% буҷети хоҷагии қишлоқ баробар аст.
Набудани механизмҳои ҳамкории таъсирбахши илм ва истеҳсолот дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои тадқиқотҳои буҷетиро ба дараҷаи назаррас маҳдуд мекунад. Бар асоси Қарори Раисҷумҳури Ӯзбекистон «Дар бораи ташкили Агентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба карантин ва ҳифзи растаниҳо» Институти илмӣ-тадқиқотии ҳифзи растаниҳо ба тобеияти Агентӣ доир ба карантин ва ҳифзи растаниҳо гузаронда шуд ва алҳол он Институти илмӣ-тадқиқотӣ роҷеъ ба карантин ва ҳифзи растаниҳо ном дорад. Ҳамон вақт инчунин, филиали институти мазкур дар вилояти Самарқанд ташкил гардид, ки он барои тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмӣ доштаи соҳаи мазкур масъул аст.
Ҳоло дар вилояти мо чун дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ «шифохона (клиника)-и растаниҳо» ташкил карда шудааст, ки роҷеъ ба зараркунандаҳо ва бемориҳои растаниҳои хоҷагии қишлоқ дар майдонҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ахбори саҳеҳ пешниҳод мекунад ва барои бартараф кардани онҳо маслиҳат медиҳад.
Хулоса, стратегияи ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021–2030, ки саривақт қабул карда шуд, ба фикрамон, дар оянда низ барои кормандони соҳа, мутахассисон ва деҳқонон ҳамчун барномаи асосӣ роҷеъ ба парвариши растаниҳои кишоварзӣ хизмат мекунад.
Ш.ӮРОЗОВ,
сардори садорати вилоятӣ роҷеъ ба карантин ва ҳифзи растаниҳо,
Б.ФАЙЗУЛЛОЕВ,
директори филиали ИИТ роҷеъ ба карантин
ва ҳифзи растаниҳо дар Самарқанд;
К.ТУРСУНОВ,
корманди илмӣ
