Дар Сайёраи мо майдонҳои хеле калонро замин фаро гирифтааст ва барои самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби он бояд растаниҳо рӯянд. Растаниҳо дар ҷараёни фотосинтез аз моддаҳои ғайриорганикӣ пайвастагиҳои органикӣ ҳосил карда, тамоми мавҷудоти зиндаро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунанд, инчунин дар ҷараёни фотосинтез оксиген низ ҳосил мешавад, ки он барои нафаскашии тамоми организмҳои зинда зарур аст.
Дар вилояти мо дар майдонҳои 94230 гектар ғалла ва 60 ҳазор гектар пахта парвариш карда мешавад. Аммо ба ғайр аз ин, дар гирду атрофи заминҳои корам 3623 гектар ва дар атрофи ҷӯю заҳбур ва каналҳо 359 гектар майдонҳо мавҷуданд, ки чизе коридаву парвариш карда намешаванд, вале онҳо низ ба майдони умумии кишт дохил мешаванд. Вазифаи имрӯзаи деҳқонони мо аз он иборат аст, ки аз ин қитъаҳои замин низ самаранок истифода баранд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми декабри соли 2024‑ум «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз имкониятҳои иловагӣ дар минтақаҳои кишоварзӣ» ба шинондани дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ дар чунин заминҳои бекорхобида, гирифтани ҳосили баланд ва аз ҳисоби чунин заминҳо қонеъ гардонидани талаботи мардум ба меваҳои гуногун нигаронида шудааст.
Дар назди Агентии карантини растаниҳо ва ҳифзи растаниҳои назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазифа гузошта шудааст, ки дар заминҳои бекорхобидаи атрофи майдонҳои асосии кишоварзӣ, ҷӯйбору заҳбурҳо ва каналҳои обёрӣ баробари ниҳолҳои мевадеҳу ороишӣ, инчунин ниҳолҳои серҳосили содиротӣ шинонида, бо ин роҳ қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти озуқавории ҷумҳурӣ зиёд мегардад. Имрӯзҳо тамоми коркунони шӯъба, инчунин коркунони илмии филиали Институти тадқиқоти илмии карантин ва муҳофизати растанӣ дар вилояти Самарқанд дар ҳайати гурӯҳи кории республикавӣ, ки бо мақсади ташкил ва назорати сифати ниҳолшинонӣ дар канори майдонҳо ташкил карда шудааст, кор мебаранд.
Мо дар ин ҷо овардани фикри баъзеҳоро мувофиқи мақсад донистем. Аз ҷумла, сардори шўъбаи карантини берунаи садорат Шоҳрух Эргашев чунин гуфт:
— Дар соли 2025 дар 3623 гектар қитъаҳои гирду атрофи замини кишоварзӣ шинонидани 3 миллиону 333 ҳазор адад дарахти мевадиҳанда ба назар гирифта шудааст. То ин дам дар 40 дарсади ин майдонҳо ниҳолҳои олуболу, олу, санҷид ва тут шинонда шудааст.
Б. Нурмуҳаммадов, мудири шӯъбаи карантин ва ҳифзи растаниҳои ноҳияи Пастдарғам ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки дар ноҳияи мо майдони умумии зироатҳои кишоварзии атрофу канори саҳро, каналҳо, шабакаҳои обёрӣ ва коллекторӣ-дренажӣ 630 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 159,5 гектари он олуча, олуи маҳаллӣ, санҷид, ангур ва тут шинонда шуд.
Умуман, кормандони институти мо ва садорати карантини растанӣ ва муҳофизати онҳо дар бобати иҷрои қарори Президент ба деҳқонону фермерон маслиҳатҳои дахлдори худро дареғ намедоранд. Сабзу хуррамгардонии кишварамон вазифаи ҳамаи мо аст.
Б.ФАЙЗУЛЛОЕВ,
директори филиали минтақавии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии
карантин ва муҳофизати растаниҳо дар Самарқанд
