Рассом-педагог, дизайнери либосҳо, узви Академияи рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Наталия Татаренко яке аз мусаввирон ва дизайнерони муваффақест, ки бо намунаҳои эҷоди худ на танҳо дар Самарқанд, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфият дорад.
Н.Татаренко ба қарибӣ дар шаҳри Самарқанд намоиши маҳсули меҳнатҳои худро баргузор кард. Вай пеш аз ин ҳам якчанд маротиба дар Самарқанд намоиши расм ва либосҳоро баргузор намуда буд. Ӯ намоиши навбатии асарҳояшро таҳти унвони «Зан ва коинот» дар Осорхонаи давлатии таърих ва маданияти Ӯзбекистон гузаронида, онро ба Рӯзи байналмилалии зан-духтарон ва Ҷашни Наврӯз бахшидааст.
Аз номаш ҳам маълум аст, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 30 асаре ҷой гирифта, қисми асосии онҳо ифодагари олами ботинии хосаи бонувон мебошад. Асарҳои тасвирии «Зан ва коинот», «Беинтиҳо», «Келин», «Тирамоҳ», «Ниқоб» ва ғайраҳои рассом завқи эстетикии тамошобинонро бедор намуда, дар онҳо таассуроти хуб мегузоранд.
Шахсоне, ки дар маросими кушодашавии намоишгоҳ суханронӣ намуданд, ҷиҳатҳои ба худ хоси асарҳои Н.Татаренкоро зикр намуда, таъкид карданд, ки дар онҳо ба туфайли мӯйқалами сеҳрофарини мусаввир зиндагӣ ранги дигар гирифтааст.
— Наталия Татаренко эҷодкорест, ки услуби худро соҳиб аст ва аз ин рӯ, аз дигар мусаввирон тафовут дорад, — гуфт рассом Александр Галак. — Имрӯз ӯ яке аз маҷмӯаҳои беҳтарину нави асарҳои худро ба намоиш гузоштааст. Асарҳои ӯ ҷаззобияте доранд, ки диққати бинандаро ба худ мафтун ва фалсафаи онҳо касро ба андешаи амиқ водор месозад.
Дар идома намоиши либосҳое, ки онҳо низ маҳсули эҷоди Н.Татаренко мебошанд, гузаронида шуд. Ҳозирин ба осонӣ дарк намуданд, ки дизайнер дар офаридани либосҳо нақшҳои қадимиву миллиамонро бо диди имрӯзаву замонавӣ омехтааст. Дар онҳо вобастагии дирӯзу имрӯзи маданияти либоспӯшии мо акси худро ёфтааст.
— Намоишгоҳи навбатии ман ба бонувон, хосатан ба бонувони Шарқ бахшида шудааст, — гуфт Н.Татаренко. — Ин сеюмин намоишгоҳи шахсии ман мебошад. Ман бо соҳаҳои рассомӣ, дизайнерӣ ва педагогӣ шуғл меварзам ва ин соҳаҳо илҳоми маро тақвият мебахшанд. Дар асарҳои тасвириам, ки ба намоиш гузошта шудаанд, бештар ба нишон додани эҳсосоти ботинии бонувон таваҷҷуҳ намудаам. Либосҳо ба парвози ғояҳо мемонанд, вале дар ҳар яки онҳо арзишҳои шарқона акс ёфтаанд. Ба сифати дизайнер кӯшиш намудам, ки либосҳои ман ҳам миллӣ, ҳам замонавӣ бошанд. Онҳоро ҳам дар ҳаёти рӯзмарра ва ҳам дар тӯйу ҷашнҳо пӯшидан мумкин аст.
Барои маълумот бояд гуфт, ки намоишгоҳ то 10‑уми апрели соли равон идома меёбад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
