Дар утоқи кории Ғафурҷон Маҳмудов суҳбат карда нишаста будем, ки дар кушода шуда, Зоҳир Ҳасанзода даромад. Баъд аз салому алайк, Маҳмудов аз Ҳасанзода пурсид, ки оё бо мошини худ омадааст ё таксӣ? Ҳасанзода «Бо мошини худам» гуфт.
— Ин тавр бошад, ҳоло сеямон ба ҳокимияти ноҳияи Самарқанд меравем, — гуфт Ғафурҷон Маҳмудов. — Дар он ҷо ҷамъомад баргузор мешавад. Мо дар бораи аҳамияти рӯзнома ҳарф мезанем ва ҳозиринро ба обуна тарғиб мекунем.
Ба мошини Ҳасанзода нишастем. Акнун роҳӣ мешудем, ки Ҳасанзода ба Маҳмудов гуфт:
— Ҷӯраҷон, мебахшед, мошинамон каме куҳна шудааст, дари тарафи шумо пӯшида намешавад. Аз ин рӯ, дарро бо дастатон дошта меравед.
— Гап дар сурат нест, дар сират аст, — гуфт Маҳмудов. — Ҳоло мошини шумо барои мо аз ҳамаи мошинҳо беҳтар аст, чунки моро ба мақсад мерасонад.
Толиб ЮНУСЗОДА
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
