Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар Тошканд бо Уругвай бозии дӯстона доир мекунад. Мақсади асосии бозии дӯстона ин тайёриҳои аввал ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 мебошад.
Мувофиқи маълумоти Championat.Asia, мунтахаби Ӯзбекистон моҳи ноябр бо дастаи миллии Уругвай дар Тошканд бозӣ мекунад. Ҳамчунин, дидори дуюм низ дар нақша аст, ки он дар кишвари дигар баргузор мешавад.
Мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Уругвай қаблан дар солҳои 2018 ва 2019 бо ҳам бозӣ карда буданд. Ҳарду маротиба дастаи Амрикои Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон дар таърихи худ бори аввал ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад ва ин нахустин бор хоҳад буд, ки дастаи Ӯзбекистон дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат мекунад.
