Баъди якчанд рӯзи беморӣ ба корхона омадам. Дар шӯъбаи иқтисод ҳамкорон бо як ҷавони кулчарӯйи мӯйҷингилаи тахминан ҳамсоли ман сӯҳбат доштанд.
— Ана Комил ҳам омаданд, — хушҳол эълон карданд Тоҳирака.
Пас аз салому пурсупос устод Тошқул Азимзода муаррифӣ карданд:
— Ин йигит ҳамкори нави мо, Ӯткур Ортиқов, ҳамроҳи Тоҳир кор мекунанд. Ин кас Комил Ҷӯрақулов — додари нағзи мо.
— Не-йе? — пурсид Ӯткур, — Комил ҳамин? — дар чеҳраи Ӯткур табассум пайдо шуд. Ӯ хандон рӯяшро руст мекарду бо дасти чап ба зону мезад. Ба ман нигоҳ мекарду боз механдид. Ҳатто аз чашмонаш ашк баромад. Хиҷолат кашида ба диюлсам чашм давондам. Ҳама ҳайрон будем. Ниҳоят ӯ худашро дошта, иқрор шуд:
— Узр, ҳангоми донишҷӯӣ рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро мунтазам мехондам. Мақолаҳои Комилро хонда, як марди калонсоли ҷиддӣ гумон мекардам. Бинам, ҳамсоли худам, як тирмизак будааст-ку!
Ҳама баробар хандидем.
Комил ҶӮРАЗОДА
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
