Мирзо Улуғбек аз ҷумлаи шахсоне маҳсуб мешавад, ки усули дар илмҳои дақиқ имрӯз хеле ба зарурият табдил ёфтаи интегратсияи дар мавфҳумҳои коллективизм, якпорчагӣ ва дониш мавҷуд бударо истифода бурдааст.
Агар комёбиҳои бузурги олимони асримиёнагии Осиёи Миёна аз асри XII сар карда, ба мулки тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфта бошанд, дастовардҳои бузурги намояндагони мактаби Улуғбек низ ба чунин дараҷа расидааст. Аз ҷумла, доир ба касрҳои даҳӣ ва истифодаи онҳо дар амалияи ҳисоб навовариҳои аҷиби алломаи маъруф Ғиёсиддин ал-Кошӣ, ки дар Академияи Самарқанд фаъолият нишон медод, мутаассифона то ба Аврупо нарасидааст. Дар охири асри XVI он аз нав ихтироъ шуд ва ҳоло бо ёрии усули ба истилоҳ Руффини-Горнер аз методи муайянсозии решаҳо истифода мешавад. Истилоҳҳои «мусбат ва манфӣ» дар қоидаи афзудани ҳама гуна дараҷаи натуралӣ, ки ба мо ҳамчун биноми Нютон маълум аст, низ ба номи ӯ алоқаманданд. Моҳияти фалсафии чунин бозёфтхои илмӣ ҳамин аст, ки Мирзо Улуғбек ва намояндагони мактаби ӯ тафаккури ғайрихаттӣ ва равиши илмиро ба вуҷуд овардаанд ва дар натиҷаи он бисёр муаммо ва масъалаҳои илмӣ ҳал карда шудаанд.
Тибқи таъкиди Алишер Навоӣ дар асари «Маҷолис-ун-нафоис», Улуғбек гоҳо ба шеър майл дошт. Шоёни таваҷҷўҳ аст, ки дар байти зерини Улуғбек, ки Навоӣ овардааст, андешаҳои беназири синергетикӣ мавҷуд мебошад:
«Ҳарчанд мулки ҳусн ба зери нигини туст,
Шўхӣ макун, ки чашми бадон дар камини туст!»
Дар ин мисраъҳо, ки дар назару аввал мисли байти оддӣ ба назар мерасанд, ба маънои муайян моҳияти фалсафӣ таҷассум ёфтааст. Яъне, новобаста аз он ки чӣ қадар ҳуқуқи моликият дар ту бошад ҳам, фаромӯш накун, ки имкони аз он маҳрум шудан вуҷуд дорад, аз ин рӯ ту бояд ҳамеша огоҳ бошӣ, эҳтиёткорӣ ва зиракиро фаромӯш накунӣ. Дар акси ҳол, душманони дар дохили ту буда, метавонанд амволи туро нобуд созанд. Ба ибораи дигар, Улуғбек ба ин маъно андеша меронад, ки чизе, ки дар зоҳир орому осуда ва боэътимод ба назар мерасад, метавонад пур аз нооромӣ, бесуботӣ ва нобоварӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки равандҳои дохилии бифуркатсия ҳамеша дар ҳама гуна система мавҷуданд.
Тавре дар боло зикр кардем, донишманди қомусӣ Мирзо Улуғбек дар баробари илмҳои табиатшиносӣ ва мушаххас бо донишҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ низ машғул буд ва академияи таъсискардаи ӯ аз ҷиҳати иқтидор ва таъсири худ на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб ҳам ҳамчун омили муҳими рушди илм хидмат кардааст.
Дар академияи Улуғбек олимону мутафаккирони маъруф Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Ҷамшед алКошӣ, Муҳаммад Алии Қушчӣ, баъдан Ҳасани Чалабӣ, Муъиниддин ал-Кошӣ, Мансур ибни Муиниддин ал-Кошӣ фаъолияти пурсамари илмӣ бурдаанд.
Донишманди астрономия, риёзиёт, геометрия, механика ва илмҳои дигари табиатшиносии асри XV, мутафаккири маъруф Ғиёсиддин Ҷамшед ал-Кошӣ яке аз олимони шинохта ва сермаҳсули Академияи илмҳои Улуғбек буд.
Вай дар Кошон (яке аз шаҳрҳои Эрони имрӯза, ки он вақт дар таҳти ҳукмронии Амир Темур буд) ба дунё омадааст. Ҳарчанд дарс ва пажӯҳишҳои илмии худро дар зодгоҳаш оғоз карда бошад ҳам, баъдан бо пешниҳоди Мирзо Улуғбек ба Осиёи Миёна, ки дар он замон илм дар сатҳи баланд рушд мекард, аниқтараш ба Самарқанд омад ва иқрор шуд, ки аз чунин таклифу эътибор мамнун аст.
Ғиёсиддини Кошӣ дар давоми фаъолияти илмиаш дар Самарқанд дар рушди илмҳои дақиқ, бахусус риёзиёт саҳми арзанда гузоштааст. Баъдтар Кошӣ ба Ҳирот омада, дар дарбори Шоҳрух хидмат кард ва кори астрономии худро бо номи «Зиҷи Хоқонӣ» (дар такмили «Зиҷи Элхонӣ») ба анҷом расонд. Ин асари ӯ яке аз мукаммалтарин асарҳои илми астрономияи замонаш ба шумор мерафт. Боз як асари дигари маъруфи аллома «Рисола фил-муҳития» — «Рисола дар бораи доира» мебошад, ки мақсад аз навиштани он боз ҳам бо саҳеҳияти бештари то давраи Кошӣ маълумбуда, ҳисоб кардани адади π, яъне таносуби дарозии доира ба диаметри он буд. Тавассути ин асарҳо ал-Кошӣ дар инкишофи илми математика ҳиссаи бузург гузоштааст. Ҳангоми омӯзиши ин кор муносибати систематикиро мушоҳида кардан мумкин аст, ки имрӯз дар методологияи синергетикӣ васеъ истифода мешавад. Яъне, андешаҳои синергетикаи риёзӣ дар амалия ва назарияҳои риёзии Ғиёсиддини Кошӣ мавҷуд аст.
Бархе аз назария ва қонунҳое, ки аз ҷониби олимони кишварҳои аврупоӣ такмил ёфта, ҳамчун навоварӣ эътироф гардидаанд, воқеан дар бозёфтҳои оламшумули Ғиёсиддини Ҷамшеди Кошӣ, ки дар рушди илми риёзӣ саҳм гузоштааст, инъикос ёфтаанд. Онҳо аз зеринҳо иборатанд:
1. Ғиёсиддини Кошӣ дар ҳамкорӣ бо Қозизодаи Румӣ ва Мирзо Улуғбек усули наздикии пайдарпайро таҳия кардааст. Ин усулро бошад, математики фаронсавӣ Э.Пикар дар асри XIX дар Аврупо аз нав кор кардааст.
2. Дар Аврупо Симон Стевин ҳисоби даҳкарраро дар математика ҷорӣ кардааст, ки Кошӣ онро 150 сол пеш аз ӯ ба илм ворид карда, мунтазам истифода мебурд.
3. Ӯ усули ҷойгиршавии наздики дараҷаҳои решаи ихтиёриро дар асоси формулае, ки бо ибораи «биноми Нютон» ном бурда мешавад, кор карда баромадааст. 4. Ғиёсиддини Ҷамшед чанд аср пеш усули ҳисоб кардани бисёрдараҷагиро, ки дар илм бо номи «Нақшаи Горнер» машҳур аст, кор карда баромада буд.
Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа
