Ovozi.uz

Вақте навис, ки навишта наметавонӣ

Муваффақияти донишомӯзи беҳафсала

Агар бо тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои маъруф шинос шавед, мефаҳмед, ки на ҳамаи онҳо донишомӯзи пешқадам будаанд. Аз ҷумла, журналисти шинохта Зоҳир Ҳасанзода, чи хеле ки вай борҳо ҳикоя карда, дар романи тарҷумаиҳолии худ «Зафар» навиштааст, дар бачагӣ нисбати хондан тамоман беҳафсала будааст. Аз фанҳо танҳо тарбияи ҷисмониро дӯст медоштааст. Вале кӯшиши пешсаф шудан, ба ёрии корафтодае шитофтан бемуҳобот дар вай модарзодӣ аст.

Меҳри Зоҳири шӯху беқарорро ба таҳсил ва адабиёт муаллими ботаҷриба Бердӣ Ҳамроев бедор кард. Пас аз таҳсил дар факултети филологияи тоҷики ДДС фаъолияти рӯзноманигории вай оғоз гардид. Роҳи эҷодаш пастиву баландиҳо, санҷишҳои пешбинишуда дошт, бо машаққат буд, вале як хислати ӯ, чуноне ки худаш мегӯяд, «меҳнатқаринӣ» ёриаш дод, то ҳамаи ин душвориҳоро паси сар кунад. Чӣ тавре ки шоир гуфтааст:

Касе меҳнатқарину поквиҷдон,
Мудом хушбахту некуному комрон.ҷ

Ҳоло узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зоҳир Ҳасанзода як дарсад қобилияти худро наваду нӯҳ дарсад меҳнат карда рӯи об мекунад. Сафи китобҳояш низ афзуданд: «Боз баҳор меояд», «Ривояти Оқсой», «Азизи мардум», «Бозгашт ба ҳаёт» ва ғайра.

Набод рӯзе бе сатр

Мувофиқи гуфтаҳои мухлисони ашаддии рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ рӯзе нест, ки онҳо дар ин нашрияҳои даврӣ номи Зоҳир Ҳасанзодаро вонахӯранд ва навиштаҳояшро нахонанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки шиори вай дар рӯзноманигорӣ «Вақте навис, ки навишта наметавонӣ. Набод рӯзе бе сатр» аст, ки яке аз нависандагони бузург Чингиз Айтматов ҳангоми вохӯрӣ дар Самарқанд ба саволи ӯ чунин посух дода будааст. Гоҳо вай чунон аз паи навиштан мешавад, ки аз мухбирони баъзе рӯзномаҳо пештар маҳсули эҷоди худро ба он таҳририятҳо мефиристад ва сабаби шарм доштани мухбирони камҳафсала мешавад.

Сирри муваффақиятҳои узви Иттиҳодияи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон З. Ҳасанзода дар тартиби кори ӯ низ аст. Вай аз субҳ то соати 10.00 беист эҷод мекунад. Агар касе ба ин гуфтаҳо шубҳа кунад, ба вай дар ин соатҳо занг зада бинад. З.Ҳасанзода ба ҳеҷ ваҷ гӯшаки телефонро намебардорад! То ҳол таҳририятҳо хабари тозаву саривақтӣ ва мақолаҳои пурмӯҳтавои ӯро ба чашм молида, ба онҳо дар шумораи ҳамонрӯзаи рӯзнома ҷой медиҳанд.

Ишқи кӯҳ

Боз як тартиби зиндагӣ ва эҷоди Зоҳир Ҳасанзода — рӯзҳои шанбе ва якшанбе ӯро аз шаҳри Самарқанд ёфта наметавонед. Чунки меҳри беандозаву баланд ба табиат аз пагоҳӣ ё ки пас аз нисфирӯзии шанбе дӯсти моро ба кӯҳҳои Оҳалик мебарад. Вай бемуҳобот яке аз кашшофҳои кӯҳи мазкур аст. З. Ҳасанзода даҳсолаҳо пеш, ҳанӯз дар он ҷо муқим нашудани касе чайла сохта, андаке заминро азхуд кард ва рӯзҳои истироҳатиро то ҳол дар ҳамон ҷо мегузаронад. Ҳоло дар ин мавзеъ боғ (дача)-ҳо бисёр шудаанд. Агар гӯем, ки ҳамин меҳр ба кӯҳ ба корҳои эҷодӣ ва тансиҳатии дӯс­ти рӯзноманигори мо кӯмак мекунад, айни ҳақиқат ё ки аксиома аст.

Бигузор Парвардигор ба бахти оилааш умри дӯсти моро дароз кунаду масъулияти оиладорӣ, эҷодӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва инсониашон аз ин ҳам ба қуллаҳои баландтар барояд.

Инҷо боз як сирри муваффақиятҳои дӯстамонро нагӯем, аз рӯи адолат намешавад. Ҳамсари эҷодкор будан дар асл душвор аст. Муаллимаи мӯҳтарам Акрамова ба ҳамаи душворӣ ва санҷишҳои зиндагии якҷоя, ба «эркагӣ»-ҳои Зоҳир Ҳасанзода бо масъулияти баланди бонувона сабр карданду имрӯз ҳарду ҳам ба чунин рӯзҳои нек ва бахти баланд расиданд.

Бахти Зоҳир Ҳасанзода боз дар он, ки дар Наврӯз таваллуд шуда, имсол ба синни 75 медароянд.

Мо ҳамагӣ чанд паҳлӯи ҳаёти эҷодкори беназир Зоҳир Ҳасанзодаро ҳикоя кардем. Агар ҳамаи онро нависем, чанд ҷилд китоб хоҳад шуд.

Мо ҳоло «Ҷашн муборак бошад, ҳамкор ва дӯсти азиз!» мегӯем.

Худо ҳамеша ҳавои туро ба сар гардид,
Ҳамеша мурғи саодат туро хабар гардид.

«Овозиён»