Шаш сол қабл аз ин бо ташаббуси сарвари давлатамон Марказҳои хидматҳои давлатӣ таъсис ёфт, ки ҳоло мардум бо кумаку ёрии беғаразонаи онҳо муаммоҳои хешро ҳаллу фасл мекунанд. Сӯҳбати мо бо сарвари Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Самарқанд Савлат Салоҳиддинов дар атрофи корҳое, ки аз ҷониби марказ амалӣ мегарданд, ҷараён гирифт.
— Яке аз мақсаду мароми идораи мо ба мардуми корафтода хизмати беминнат расонидан мебошад, — иброз дошт Савлат Соҳибович. — Танҳо дар 11 моҳи соли равон ба аҳолии ноҳия ва вилоят қариб 60 ҳазор хизмат расонидем. Аксарияти онҳо ба тариқи онлайн, яъне бе коғаз амалӣ гардид. Беш аз 500 субъекти соҳибкорӣ ва масканҳои тиҷорати хурд аз рӯйхати давлатӣ гузашт.
— Мардум бештар бо кадом масъалаҳо ба идораи шумо муроҷиат мекунанд?
— Аз гувоҳномаи таваллуд то фавт, инчунин ариза барои ба рӯйхат гирифтан, таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили зист, гузаронидани неруи барқ, оби ошомиданӣ, навбатгузорӣ ба кӯдакистон ва ғайраҳо.
Умуман беш аз сад хел масъаларо дида мебароем, ки бештари онҳо онлайнӣ ҳалли худро меёбанд. Масалан, танҳо барои таҳияи ҳуҷҷатҳои тадбиркорӣ 73 хел маълумотнома гирифтан барҳам хӯрд, ки он коғазбозӣ буду халос.
Дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 22‑юми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои иловагии содда кардани хидматрасонии давлатӣ, ихтисори монеаҳои бюрократӣ, инчунин, ривоҷдиҳии системаи миллии хидматрасонии давлатӣ» фаъолияти Марказҳои хидмати давлатӣ ривоҷу равнақ ва такмил ёфта, сифати хидматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардид ва барои мардуми корафтода низ бисёр имтиёзҳо фароҳам карда шуд. Ин маънои онро дорад, ки «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ дар хидмати халқ аст».
— Дар бораи кормандони фаъолу пешқадам чанд сухан мегуфтед…
— Дар марказ беш аз бист нафар ҷавонони соҳибмаълумот дар ӯҳдадориҳои гуногун кор пеш мебаранд. Абулайс Муҳиддинов, Зуҳриддин Киромиддинов, Ҷаҳонгир Аҳмадов, Мавсума Қурбонова, Беҳрӯз Абдуваҳҳобов ва дигарон аз кормандони фаъолу пешқадам мебошанд, ки бо ширинсуханӣ, ҳозирҷавобӣ, дил ба даст овардан, одоби муошират ва дигар хислатҳои неки худ ба эҳтироми мизоҷон соҳиб шудаанд.
— Мебинем, ки дар ҷевони китобҳои коргоҳ адабиёти бадеӣ бисёр аст…
— Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 8‑и шаҳри Самарқанд ба китоб дил баста будам. Омӯзгорону мураббиён кӯшиш ба харҷ медоданд, ки мо бештар мутолиа намуда, ҷаҳонбинии хешро васеъ кунем. Ба ман соҳаи бостоншиносӣ писанд омада буд ва соли 2014 номаи камол гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурдам. Аз имтиҳонҳо сарбаландона гузаштам. Ҳамоно бо асарҳои бадеӣ дӯсти наздик ҳастам.
Дар вақти холӣ бештар китобҳои тозанашри эҷодкорони муосир ва хориҷиро мехонаму ғизои маънавӣ мегирам.
Сӯҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
