Имрӯзҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба бузургдошт ва ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқиву маънавии бонувон аҳамияти калон медиҳанд. Дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ, хусусан идораҳои давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи зан-духтарон баланд мегардад. Дар ривоҷ додани салоҳияти кории онҳо мавқеи устодон зиёд аст, албатта. Дилбар Имомова низ аз зумраи ҳамин гуна устодон ба шумор меравад, ки аз баҳам дидани таҷрибаи ҳаётии худ бо шогирдон ва роҳу равиш нишон додан ба онҳо ҳаргиз хаста намешавад.
Дилбар Имомова 17‑уми майи соли 1947 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таълими умумии рақами 5‑и шаҳри Самарқанд ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло ба номи Шароф Рашидов) дохил шуд. Дар донишгоҳ аз устодони худ Мелиқул Нушаров, Анатолий Бушуй, Абдураҳмон Нурмуҳаммадов, Раиса Алиева ва дигарон сабақ гирифта, онро бо баҳоҳои аъло аз рӯи ихтисоси забони немисӣ хатм кард.
Ӯ фаъолияти кории худро дар меҳмонхонаи «Интурист»-и шаҳр ба сифати тарҷумон оғоз карда, баъдтар ҳамчун раиси бюрои сайёҳии ҷавонони байналхалқии «Спутник», раиси шӯъбаи иттифоқи касабаи ходимони муассисаҳои таълими олии шаҳри Самарқанд дар ноҳияи Сиёб, мутахассиси дараҷаи аввали шӯъбаи маданият ва варзиш, тандурустии таълими халқи Шӯрои намояндагони халқи вилоят, иҷрокунандаи вазифаи директори Ассотсиатсияи «Зани тадбиркор»-и назди иттифоқҳои касабаи вилоят, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии модару кӯдак ва оила, ҷонишини ҳокими ноҳияи Сиёб, раиси кумитаи зан-духтарон, директори шӯъбаи хазинаи хайриявии байналхалқии «Соғлом авлод учун»-и шаҳри Самарқанд, ҷонишини раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои зан-духтарон ва ҷавонон адои вазифа намудааст.
Меҳнати ҳалол ва заҳматҳои чандинсолаи Д. Имомова, ки дар роҳи ободии ватан ва фаровонии ҷомеа кардааст, аз эътибор дур намондаанд. Матбуоти даврии вилоят ва ҷумҳурӣ пайваста дар бораи ӯ мақолаҳо интишор карда, фаъолияти пурсамар ва меҳнати арзандаи ӯро эътироф мекунанд. Хусусан, дар арафаи 8‑уми марти соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати Иди бонувон ирсол гардидани номаи табрикотӣ ба ин бону далели равшани эътибор ва эҳтиром ба ӯ мебошад. Президенти кишвар дар номаи табрикотии худ бо самимият ва эҳтироми баланд дар бораи фаъолияти корӣ ва ташаббусҳои ин зан ҳарф зада, таъкид намудааст, ки фаъолияти ибратбахши ӯ муносиб қадрдонӣ мегардад.
Соли гузашта дӯстону наздикони Д.Имомова бахшида ба 75‑солагии ӯ китоби «Дилбари Самарқанд»-ро чоп карданд, ки қисми зиёди он маҷмӯи мақолаҳоро дар бар мегирад. Мақолаҳо аз ҷониби устодон, дӯстон ва рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Нусрат Раҳмат, Фармон Тошев, Суюн Каримов, Муайяна Хӯҷаева, Ғолиб Ҳасанов, Анастасия Павленко ва дигарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Д.Имомова навишта шудаанд. Ҳар як муаллифи мақола ҷиҳати ба худ хоси Д.Имомоваро, хусусан фаъолияти кории пурсамари ӯро ба қалам кашидаанд. Мақолаҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ навишта шудаанд.
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева дар мақолаи «Дилбари дилбарон» занонро дар фидоигӣ ба Прометей қиёс карда, Д.Имомоваро ҳамчун яке аз бонувони фидоии ҷомеа мисол овардааст. Устод-журналист, ки Д.Имомоваро аз наздик мешинохтааст, дар бораи шахсияти ӯ чунин баҳо медиҳад: «Дилбар Имомова инсони шарифу наҷиб, порсову хоксор, ҳамчун модар ғамхору меҳрубон, ҳамчун кадбону сарфагари сари оташдон, ҳамчун ходими давлатӣ оқилу одилу доност. Ҳимоятгари ҳаққу ҳуқуқҳои зан-духтарон аст».
Қисми зиёди китоб ҳамин гуна мақолаҳои ба қаҳрамони мо бахшидашударо дар бар гирифта, дар охиртари китоб якчанд мақола дар бораи ҳаёту фаъолияти падари ӯ Бобоқул Имомов, ҳамсараш Мурод Ҳамроқулов, табрикномаҳо, шеърҳо, расмҳо ва мақолаҳои муаллифии худи Д.Имомова ҷой гирифтаанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
