Ovozi.uz

Ду ҳикояти ибратомӯз

Се намуди озордиҳӣ

Донишманде, ки дар Шарқ зиндагӣ мекард, ба шогирдонаш чунин таълим медод:
— Одамон бо се роҳ касони дигарро озор медиҳанд. Онҳо гуфта метавонанд, ки ту нодон. Ғуломи касе ва ё беҳунар.
Агар чунин ҳолат бо шумо рӯй диҳад, як чизи оддиро ба хотир оред: танҳо аҳмақ шахси дигарро аҳмақ гуфта метавонад, танҳо ғулом дар шумо ғуломи дигарро меҷӯяд, танҳо беҳунар худро сафед карда мегӯяд, ки ин беақлӣ аст.
Барои ҳамин ҳам, аз касе беҳуда наранҷида, ӯро дашном надиҳед ва ғуломи беҳунар ҳам нашавед.

Дар бораи некӣ ва бадӣ

Рӯзе шогирдон назди донишманд омада пурсиданд:
— Барои чӣ хислатҳои бад одамро бо тезӣ ба худ ҷалб мекунад, нағзӣ бошад, бо душворӣ?
— Агар тухми нағзро ба офтоб монем ва тухми бадро ба зери замин гузорем, чӣ мешавад? — гуфт донишманд. — Одамҳо айнан ҳамин хел мекунанд, дар ҷои он ки нағзии кардаро ба касе нагӯянд, ман-манӣ мекунанд ва оқибат беобрӯ мешаванд.
Камбудӣ ва гуноҳи худро дар қаъри дил пинҳон мекунанд, то ки дигарон набинанд. Дар он ҷо онҳо сабзида, одамро адо мекунанд.

Аз русӣ тарҷумаи Н.САИДОВА