Деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё таърихи қадима ва ғанӣ дорад. Мардуми деҳа табиатан ширинзабон, содадил ва меҳмондӯстанд ва ҳамеша барои ҳифзи мероси ниёгон ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳаракат мекунанд. Соли 2022 маҳз бо мақсади нигоҳ доштани нигораҳои нодиру қадимии Сарчашма дар деҳа осорхонаи таърихиву этнографӣ ташкил гардид.
Бинои осорхона якқабата буда, аз 2 хона ва як даҳлез иборат аст. Аз рӯйи нақли мӯйсафедони деҳа пештар дар ин ҷо масҷиди кӯҳна вуҷуд дошт.
— Пахсаи бино соли 1858 гузошта шудааст, — гуфт роҳбари осорхона Фурқат Абулов. — Аз болои он қалама (деворе, ки чӯб дорад ва дар байни чӯб хишту кулӯх мегузоранд) кардаанд. Бино соли 1972 аз нав таъмир шудааст.
Аз ин бино дар давоми солҳо чун нонвойхона, китобхона ва масҷид истифода бурдаанд. Солҳои охир бекор мехобид ва мо бо ёрии ҳокимияти маҳаллӣ ва фаъолони маҳалла биноро обод ва осорхона ташкил кардем. Аз мардуми маҳаллӣ қариб 4000 ҳазор нигораҳои аҷоибу ғароиби таърихиро ҷамъ овардем. Онҳо олоти рӯзгор, сару либос, асбобҳои ҷангӣ, мусиқӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва амсоли инҳоанд.
Аз рӯйи маълумоти сарвари осорхона қадимтарин экспонати ин маскан ба асри VIII тааллуқ дорад. Ғайр аз ин, асбобҳои ҷангӣ ва баъзе сару либосҳо аз замони Темуриён низ омада расидааст.
Дар осорхона гӯшаи «Олимони деҳа» низ мавҷуд буда, дар ин гӯша дар бораи мударрисони деҳа, инчунин шахсоне, ки сазовори унвонҳои илмӣ, чун доктор, номзади фан гардидаанд, маълумотҳо оварда шудааст.
Ҳоло ин осорхонаи таърихиву этнографӣ ба макони фарҳангию фароғатӣ табдил ёфта, на танҳо таваҷҷӯҳи сайёҳони маҳаллӣ, балки меҳмонони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунад. Аз ҷумла, соли гузашта сайёҳон аз Ҳиндустону Франсия ба ин ҷо ташриф оварданд.
Меҳрӯзаи ОРИФҶОН,
сокини деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё
