Ovozi.uz

Ба фаъолияти ғайриқонунии шаҳрванд роҳ дода нашуд

Дар Пахтачӣ хонадонеро аниқ карданд, ки равғани ба истеъмол нораво истеҳсол мекунад.
Ходимони шӯъбаи пахтачии Департамент дар назди Сарпрокуратура тадбири зудамал гузаронданд.
Дар он ҳолати зерин аниқ гардид. Сокини маҳаллаи Бӯстон М.А. дар хоҷагии ёрирасони худ сехи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо усули дастӣ равғани ба истеъмол нораво истеҳсол кардааст. Аз хонадони М.А. 540 литр равғани ба истеъмол ношоям, 1790 килограмм чигити пахта ва дигар бойигариҳои барои истеҳсолот истифодашаванда ба сифати далели ашёвӣ гирифта шудааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур бо моддаи 186-2-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешаванд.