Ovozi.uz

Ҷавонон дар «IT Village» барномасозиро меомӯзанд

Моҳи октябри соли 2022 дар деҳаи мо бо мақсади таълими асрори технологияҳои ахборӣ ва коммуникатсионӣ ба насли наврас, инчунин, ривоҷдиҳии туризми технологияҳои иттилоотӣ дар мамлакат дар ҷумҳурӣ аввалин маҷмӯи хонишии «IT Village» кушода шуд.
Марказ дар наздикии зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд ҷойгир буда, аз ду блок иборат аст, ки яке блоки асосӣ ва дигаре блоки техникӣ мебошад. Блоки асосӣ аз се толори хонишӣ иборат ва барои таҳсили 60 нафар пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар маҷмӯи блоки истиқоматии дорои 8 ҷойи зист, толори анҷуманҳо бо 15 нишастгоҳ, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ, эко-кинотеатр ва ғайра мавҷуданд.
— Дар ин ҷо барои шунавандагон шароитҳои зарурӣ фароҳам гардида, ба онҳо хӯроки бепул, либосҳои махсус дода мешавад, — гуфт директори марказ Қандаҳор Зулфиқоров. — Инчунин, хонандагони фаъол мунтазам бо сертификат ва тӯҳфаҳо ҳавасманд карда мешаванд. Таҳсилгирандагон аз дигар деҳаҳо низ омада, дониши ахборӣ ва технологии худро такмил медиҳанд. Барои онҳо хобгоҳ ҳаст. Инчунин, баҳри равуои шунавандагон автобуси махсус ташкил карда шудааст. Бозомӯзӣ дар ду баст роҳандозӣ шуда, то ҳол қариб 500 нафар ҷавонони аз 6 то 13‑сола таҳсил гирифтанд.
Бино ба маълумоти масъулон дар «IT Village» курсҳои барномасозӣ, дизайнерӣ, кор бо компутер ва робототехника мавҷуд аст. Инчунин, арифметикаи менталӣ, забонҳои хориҷӣ омӯхта мешаванд.
— Вақти таътили тобистона фарзандамро дар «IT Village» гузоштам, — гуфт омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 65-и деҳа Дилором Ҷумъаева. — Ӯ дар ин ҷо ҳам асрори кор бо компутер ва ҳам забони англисиро омӯхт. Ҳамзамон, таътили худро хубу хотирмон гузаронд.

Ҳусноро БОЙМАҲМАДОВА, сокини деҳаи Оқсойи ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд