Ovozi.uz

Дар Тошканд як рӯзи ҳар моҳ чорабинии «Рӯзи бидуни нақлиёт» гузаронида мешавад

Дар Тошканд интизор меравад, ки лоиҳаи ҷамоатии «Рӯзи бидуни мошин» амалӣ карда шавад. Дар асоси лоиҳа моҳе як рӯз дар кӯчаҳо ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад. Мақсад кам кардани ҳаракати мошинҳо мебошад.

Дар ин бора дар лоиҳаи фармони президент дар бораи Барномаи давлатии татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон-2030» дар соли «Дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ» гуфта шудааст.

Дар он қайд мегардад, ки ин лоиҳа пешниҳоди намояндагони ҷомеаи васеъ ва фаъолони муҳити зист буда, мақсади асосӣ кам кардани таъсири газҳои ихроҷи мошинҳост.

Дар ин ҷараён роҳбарону кормандони тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷойгиранд, бояд бо нақлиёти ҷамоатӣ ба кор омада, ба аҳолӣ ибрат нишон диҳанд.

Муҳокимаи лоиҳаи ин ҳуҷҷат то 14-уми феврал идома хоҳад кард.