Ovozi.uz

Таърихи садсола — мазмуни нав: дар Тошканд Маркази санъати муосир кушода шуд

Дар шаҳри Тошканд маросими ифтитоҳи Маркази санъати замонавӣ баргузор гардид. Ин муассиса фаъолияти худро ҳамчун нахустин маркази фарҳангии доимамалкунандаи тахассусӣ дар соҳаи санъати муосир дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад.

Дар маросими ифтитоҳ роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева суханронӣ кард.

Ин марказ бо ташаббуси Роҳбари давлатамон бо мақсади ба марҳилаи нав баровардани ҳаёти фарҳангии кишвар, рушди санъати замонавӣ ва васеъ кардани мулоқоти байналмилалии фарҳангӣ таъсис ёфтааст.

Маркази санъати муосир дар заминаи иншооти таърихии саноатӣ, ки беш аз як аср собиқа дорад, бунёд шудааст. Бино соли 1912 сохта шуда, нахуст ҳамчун депои трамвай ва баъдан ҳамчун нерӯгоҳи барқи дизелӣ истифода мегардид.

Имрӯз бошад, бо ҳифзи симои таърихию меъмории худ ба як фазои нави фарҳангӣ табдил дода шудааст.

Дар марказ самтҳои санъати муосир, меъморӣ, маориф ва таҳқиқот бо ҳам ҳамоҳанг мешаванд. Дар ин ҷо толорҳои намоишгоҳӣ, майдонҳои таълимӣ, китобхона, инфрасохтори таҳқиқотӣ ва ғайра фаъолият хоҳанд кард.