Ovozi.uz

Филми дар бораи Диёра Келдиёрова соҳиби чор ҷоизаи ҷашнвораи синамо шуд

Филми мустанади «Диёра. Роҳи нозук» («Diyora. Nozik Yo‘l»), ки ба қаҳрамони олимпӣ ва зодаи вилояти Самарқанд Диёра Келдиёрова бахшида шудааст, дар Ҷашнвораи IV-уми муҳтавои мустанади платформаҳои стримингии «ОРИДЖИНАЛ+ ДОК» якбора соҳиби чор ҷоиза гардид.

Ҷашнвора аз 25 то 28-уми август дар шаҳри Москва баргузор шуд.

Ба Диёра Келдиёрова ҷоизаи «Қаҳрамони асил» тақдим гардид. Филм инчунин дар номинатсияи «Ҳикояи асил» пирӯз шуд. Ҷоиза барои «Нигоҳи асили коргардонӣ» ба Сардор Қозӣ ва барои «Нигоҳи асили операторӣ» ба Максим Арбугаев ва Александр Красновский дода шуд.

Филм ба унвони серҷоизатарин лоиҳаи барномаи озмунии ҷашнвора пазируфта шуд.

Сафари фестивалии филм дар Иёлоти Муттаҳидаи Амреика идома хоҳад ёфт. Моҳи октябр филм бо унвони байналмилалии «Diyora. A Gentle Way» дар 17-умин Ҷашнвораи филмҳои мустанади Чагрин (Chagrin Documentary Film Festival) дар иёлати Огайо намоиш дода мешавад. Дар миёни 75 филми интихобшуда, ин ягона асари мустанад аз Ӯзбекистон мебошад.

Илова бар ин, трейлери филм ба ҷоизаи Golden Trailer Awards 2026 дар номинатсияи «Беҳтарин трейлери мустанади хориҷӣ» пешбарӣ шудааст.