Мусобиқаи “Women’s Chess Championship 2025” оид ба шоҳмот, ки шаҳри Самарқанд мизбонӣ намуд, ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа ҳудуди 150 нафар шоҳботбоздухтарон аз 14 кишвари ҷаҳон дар ду гурӯҳ барои дарёфти шоҳҷоиза мубориза бурданд. Дар даври 9-ум ғолибону ҷоизадорон муайян гардиданд. Дар гурӯҳи “А” ҷоизаи олӣ насиби Алисия Сливискаи лаҳистонӣ (полшагӣ) шуд. Вай бо вуҷуди бозӣ он, ки дар даври 9-ум бо донаҳои сиёҳ бозӣ кард, бар Анастасия Бондаруки русиягӣ пирӯз шуд. Алисия, ки аз 9 имконият 7,5 хол гирифт, чемпиони “Women’s Chess Championship 2025” гардид. Анна Шухмани русиягӣ, ки бо ҳамватани худ Полина Шувалова мусовӣ кард, бо 7 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд.
Се шоҳмотбоз — Полина Шувалова, Лея Гарифуллина ва ҳамватанамон Умида Омонова 6,5 холӣ ба даст оварданд. Танҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ Шувалова ҷои сеюмро гирифт. Ба Омонова ҷои 5-ум насиб кард. Вай дар даври ниҳоӣ бар шатранҷбози дигари мо Гулдона Каримова пирӯз шуд.
Чемпиони дукаратаи ҷаҳон миёни наврасон Афрӯз Ҳамдамова дар даври 9-ум бар намояндаи дигари мо Марҷона Маликова пирӯз шуд. Нилуфар Ёқуббоева дар донаҳои сиёҳ бо Варвара Поляковаи русиягӣ мусовӣ кард. Гулдона Каримова, ки панҷуним имтиёз ба даст овард, дар ҷои 11-ум, Афрӯз Ҳамдамова дар ҷои 12-ум ва Нилуфар Ёқуббоева дар ҷои 16-ум қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки тамоми ҷойҳои ҷоизадори гурӯҳи «В»-и мусобиқа насиби шоҳмотбозони ӯзбекистонӣ гардиданд. Мафтуна Маматқулова аз 9 имтиёз 8 имтиёз ба даст оварда, дар ин гурӯҳ ғолиб шуд. Робияхон Сардорова бо 7,5 имтиёз дар зинаи дувум ва Шоҳина Аҳмедова бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифтанд.
