Ovozi.uz

Бохти навбатии “МЮ” дар Премйер-Лигаи Англия

Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳои “Вулверҳэмптон” ва “Манчестер Юнайтед” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Молина”-и шаҳри Вулверҳэмптон дар ҳузури 31 407 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Дар нимаи аввали дидор дастаҳо бозии баробар нишон дода, ба задани гол даст наёфтанд. Дар оғози қисми дуюми бозӣ Бруно Фернандеш аз ҳайати “МЮ” корти дуюми зардро гирифт, ки он мубаддал ба корти сурх гардид. Дар идома 10 нафар “Девҳои сурх” бозиро давом доданд.
Дар дақиқаи 49-уми бозӣ пас аз 2 дақиқаи аз майдон хориҷ шудани Фернандеш ҳамлагари “Гургҳо” – Йорген Ларсен гол зад ва онҷо VAR ин голро бекор намуд.
Дар идома аз зарбаи кунҷӣ мустақим тӯбро Матус Куня дар дақиқаи 58-уми бозӣ таслими дарвозаи Андре Онана намуд. Ин аллакай дуюмин голе аст, ки “МЮ” аз зарбаи кунҷӣ аз тури дарвозааш мегирад. Сон Хин Мин низ аз ҳайати “Тоттенҳэм” чунин голро ба дарвозаи “МЮ” зада буд.
Нуқтаи ниҳоӣ дар ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 90+9-ум гузошта шуд. Хван Хи Чан, ки аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромада буд, муаллифи гол шуд. Ин аввалин голи бозигари кореягӣ дар мавсими имсола буд. Матеус Куня ирсоли голбахшро марбути номи хеш кард.
Ҳамчунин, як голи дигари Йорген Ларсенро аз ҳайати “Гургҳо” VAR бекор кард.
Ин бохти сеюми пайиҳами “МЮ” мебошад. Қаблан даста, аз “Борнмут” ва “Тоттенҳэм” низ мағлуб шуда буд. “Вулверҳэмптон” бо сармураббии ҷадид Витор Перейра дуюмин ғалабаро ба қайд гирифт. Дар даври гузашта, “Гургҳо”-и Вулверҳэмптон бар “Рӯбоҳон”-и Лестер бо ҳисоби 3 бар 0 зафар ёфта буданд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “МЮ” бо 22 имтиёз дар зинаи 14-ум ва “Вулверҳэмптон” бо 15 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Ливерпул” бо Арне Слот бо касби 42 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошанд.