Дар Садорати андози вилоят бо иштироки кормандони масъули Кумитаи андоз барои соҳибкорон семинар баргузор гардид.
Дар семинар имкониятҳои нави фароҳамовардашуда барои субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани мораторияи 3-сола барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд, бо иҷозаи Омбудсмани соҳибкорӣ гузаронидани санҷишҳои такрорӣ, инчунин принсипи «Барои хатои аввал — огоҳӣ» шарҳ дода шуд. Тибқи ин принсип, ба соҳибкоре, ки бори аввал қоидавайронкунӣ содир кардааст, барои бартараф намудани камбудӣ 10 рӯз муҳлат дода мешавад. Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки аз 1-уми сентябр то 31-уми декабри соли 2026 барои субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна «Авфи иқтисодии “Имкони дуюм”» эълон шудааст. Аз рӯи шартҳои муқарраршуда, дар сурати пурра пардохт намудани қарзи андоз, пеняҳои ҳисобшуда бекор карда мешаванд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки мақсади асосии чунин ислоҳот фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон, дастгирии рушди фаъолияти онҳо ва фароҳам сохтани имконият барои ислоҳи камбудиҳои содиршуда мебошад.
