Имрӯз агар ба дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти ҷомеаи мо рӯй медиҳанд, назар андозем, як ҳақиқат равшан мегардад: мақсади аслии ислоҳот, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба қадри инсон, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва мустаҳкам намудани боварии мардум ба фардои худ мебошад.
Зеро дар ҷое, ки волоияти қонун таъмин нест, на пешрафт, на оромӣ ва на некӯаҳволӣ метавонад устувор бошад. Аз ин рӯ, дар кишварамон таъмини сулҳу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.
Дар ин ҷараён масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти прокуратура, ниҳоят бузург аст. Аммо имрӯз фаъолияти прокуратураро танҳо бо ошкор кардани қонуншиканӣ ва ҷазо додани гунаҳкор шарҳ додан мумкин нест. Талаби замон ин аст, ки фаъолияти назоратӣ, пеш аз ҳама, ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба вуҷудоварандаи қонуншиканӣ, барқарор кардани ҳуқуқи инсон, ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хидмат кунад.
Фаъолияти прокуратураи шаҳри Самарқанд дар самти назорати иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 маҳз ифодаи амалии ҳамин гуна муносибат мебошад.
ҶАВОНЕ, КИ ҚОНУНРО МЕДОНАД — ПОЯИ БОВАРИНОКИ ФАРДО
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Он бояд тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирад.
Хусусан, аз овони кӯдакӣ дар шуури насли ҷавон ҷой додани мафҳумҳои ҳалолкорӣ ва ростқавлӣ аҳамияти калон дорад.
Бо ҳамин мақсад, дар асоси қарори муштараки прокуратураи шаҳри Самарқанд, прокуратураи вилоят, суд, мақомоти корҳои дохилӣ, адлия, инчунин садорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, дар 84 мактаби шаҳр ҳар рӯзи душанбе барои донишомӯзони синфҳои 6–11 дар доираи «Соатҳои оянда» дар мавзӯи «Ҳалолӣ ва росткорӣ» машғулоти дарсӣ баргузор карда мешаванд.
Ин танҳо як дарси оддӣ нест. Зеро мубориза бо коррупсия бояд на аз оқибатҳои он, балки аз сабабҳои пайдоишаш оғоз шавад. Ва ин сабабҳо аксаран аз шуури ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсон сарчашма мегиранд.
Аз ҳамин лиҳоз, барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони вобасташуда низ дар асоси дастури таълимии «Асосҳои мубориза бо коррупсия» машғулиятҳо ташкил карда шуданд.
198 нафар кормандони ташкилотҳои давлатии шаҳр дар «Академияи виртуалии мубориза бо коррупсия» таҳсил намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Худи ин рақам нишон медиҳад, ки дар мубориза бо коррупсия ба дониш ва пешгирӣ чӣ қадар аҳамият дода мешавад.
МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БО ЁРИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Муайян намудани соҳаҳое, ки эҳтимоли пайдоиши коррупсия дар онҳо вуҷуд дорад ва кам кардани омили инсонӣ дар чунин самтҳо, имрӯз яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо ҳамин мақсад, чор соҳа таҳти назорати махсус қарор гирифтааст. Дар таъминоти барқи шаҳр, шуъбаи таъминоти гази «Самарқандшаҳаргаз», филиали шаҳри Самарқанди ҶС «Самарқанд сув таъминоти» ва мақомоти андоз корҳои доимии тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар ин ҷо як ҷиҳати муҳим вуҷуд дорад: яке аз роҳҳои самараноки мубориза бо коррупсия кам кардани омили инсонӣ мебошад. Ҳар қадар ҷараёнҳо бештар рақамӣ гардонида шаванд, ҳамон қадар муносибати субъективӣ ҳангоми қабули қарор кам мешавад. Пардохтҳо шаффоф мегарданд, назорат пурзӯр мешавад ва муносибатҳои нолозими байни шаҳрвандон ва шахсони мансабдор коҳиш меёбанд.
Дар доираи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ 39 объекти сохтмонии шаҳр бо камераҳо муҷаҳҳаз гардида, тавассути низоми ягона ба Садорати инспексияи минтақавии назорат дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ пайваст шуданд. Дар натиҷа, фаъолияти ин иншоот таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.
ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ — НАМУДИ БА ИНСОН НАЗДИКИ ҚОНУН
Дар ҷомеа чунин шахсоне ҳастанд, ки барои онҳо ҳатто як ҷойи кор, имконияти омӯзиши касбу ҳунар ё воситаи тавонбахшӣ (реабилитатсия) метавонад сифати зиндагиро ба куллӣ тағйир диҳад.
Аз ин рӯ, масъалаи дастгирии иҷтимоии шахсони ногироидошта низ ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти назоратии мақомоти прокуратура табдил ёфтааст.
Бо ташаббуси прокуратураи шаҳри Самарқанд 421 нафар шаҳрванд ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуда, 285 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба 752 нафар шахсони ногироидошта воситаҳои техникии тавонбахшӣ дода шуда, 21 нафари дигар бо воситаҳои протезию ортопедӣ таъмин шуданд.
Дар паси ин рақамҳо эҳсоси зарур будани инсон дар ҷомеа, имкони меҳнат кардан, ба оилаи худ даромад овардан ва зиндагии мустақилона пеш бурдан таҷассум ёфтааст.
Пас, ҳифзи иҷтимоӣ танҳо расонидани кумаки моддӣ нест. Он фароҳам овардани шароит барои инсон аст, то тавонад имконияту қобилияти худро нишон диҳад.
ҲИФЗИ ҶАВОНОН — ҲИФЗИ ОЯНДАИ ҶАМЪИЯТ
Ҷавони имрӯза симои ҷомеаи фардост. Дар натиҷаи чорабиниҳои гуногуни профилактикӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ 437 нафар ҷавононе, ки ба гурӯҳи вазнин дохил карда шуда буданд, ба зиндагии солим баргардонида шуданд.
Ҳар як ҷавоне, ки ба роҳи дуруст бармегардад, маънои оромии як оила, аз байн рафтани нигаронии падару модар ва ҳифз гардидани ояндаи як инсонро дорад.
Пурсамар ташкил намудани вақти холии ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзиш, омӯзонидани касбу ҳунар ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии онҳо аз ҷумлаи роҳҳои муассири пешгирии ҷинояткорӣ мебошад.
МЕЪЁРИ НАЗОРАТ НА ҶАЗО, БАЛКИ БАРҚАРОР ШУДАНИ ҲУҚУҚ АСТ
Агар фаъолияти прокуратураи шаҳри Самарқандро дар соҳаи иҷтимоӣ бо рақамҳо ифода кунем, дар давраи гузашта қариб 82 чорабинии назоратӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади бартараф намудани қонуншиканиҳо 603 протест (эътироз) ва 159 тақдимнома ирсол гардид.
Дар натиҷа, садҳо нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, садҳо масъули дигар расман огоҳ карда шуданд.
Аммо муҳимтарин натиҷа дар рақами дигар таҷассум меёбад: ҳуқуқҳои вайроншудаи беш аз 2 ҳазор шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ барқарор карда шуданд. Зарари миллиардсӯмина ҷуброн гардид. Вобаста ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ 275 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Меъёри воқеии таъмини волоияти қонун танҳо аз рӯи шумораи шахсони ҷазододашуда муайян намегардад. Пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки ҳуқуқи чанд нафар барқарор гардид, чӣ қадар мушкил ҳал ва чанд қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд.
БО КОҲИШИ КАМБАҒАЛӢ НЕКӮАҲВОЛӢ МЕАФЗОЯД
Ҳангоми сухан гуфтан аз адолати иҷтимоӣ, масъалаи коҳиш додани камбизоатиро сарфи назар кардан мумкин нест. Зеро фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоиста, меҳнат кардан, даромад ёфтан ва таъмини оила қисми муҳими таъмини ҳуқуқу қонуният мебошад.
Дар шаҳри Самарқанд дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам сатҳи камбизоатӣ дар давоми як сол аз 3,8 фоиз то 2,8 фоиз коҳиш ёфт. Дар назари аввал ин рақамҳо метавонанд танҳо омори оддӣ ба назар расанд. Вале дар асл пушти ин нишондиҳандаҳо ҳаёти ҳазорон оила, ҷойҳои нави корӣ, манбаъҳои даромад ва самаранокии механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ қарор доранд. Аз ин нуқтаи назар, муҳимтарин меъёри фаъолияти имрӯзаи мақомоти прокуратура — манфиати инсон мебошад. Дар ҷое, ки қонун волоият дорад, адолат пойдор мешавад. Ва ҳар ҷо, ки адолат ҳаст, боварии мардум ба давлат, қонун ва фардои худ мустаҳкам мегардад. Ин боварӣ бошад, устувортарин пояи суботу пешрафти ҷомеа мебошад.
Бахтиёр НОРМАТОВ, прокурори шаҳри Самарқанд
