Ovozi.uz

Шӯъбаи корҳои мудофиа ба бинои нав гузашт

Пурзӯр намудани қобилияти мудофиавии кишвар, ташаккул додани салоҳияти кадрҳои ҳарбӣ, таъмини техника ва силоҳҳои ҳарбии замонавӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи ин, дар ҷойҳо биноҳои вобаста ба сохтори мудофиа қиёфаи нав касб намуда, барои ходимони ҳарбӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, таъминоти техникӣ мувофиқи талаботи замон рушд меёбад.
Албатта, қудрати ҳарбии кишвар ба кадрҳои соҳибтаҷриба вобаста аст. Вазифаи асосии ҷараёни бо кадрҳои салоҳиятнок таъмин намудани мудофиаро шӯъбаҳои корҳои мудофиаи шаҳру ноҳияҳо иҷро менамоянд. Вале солҳои охир ин самти соҳа каме аз эътибор дур монд. Дар натиҷа, базаи моддӣ-­техникии онҳо ба ҳоли ғамангез омад. Самарадории кори шӯъбаҳои мудофиа ҳам, ки шароити меҳнатии кофӣ надоранд, ба маротиб кам шуд.
Дар натиҷаи ислоҳоте, ки барои бартараф кардани чунин муаммоҳои сохтор пеш бурда мешаванд, шӯъбаҳои корҳои мудофиаи минтақаҳо ба шароитҳои замонавӣ соҳиб гардида, дар таъмини бедахолатии сарҳадҳо ва рушди қудрати мудофиа ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.
Шӯъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Ургут ҳам ба яке аз ҳамин гуна шӯъбаҳои замонавӣ мубаддал гашт. Бинои нави шӯъба дар асоси саҳҳомӣ аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «BIG story //» ба ивази 6,2 миллиард сӯм бунёд гардид.
— Дигаргуниҳои бузурге, ки дар кишварамон амалӣ карда мешаванд, дар ҳар як соҳа навигариҳои куллӣ ворид менамоянд, — гуфт раиси шӯъбаи хазинаи «Нуронӣ» дар ноҳияи Ургут Фармон Азизов. — Инчунин, дар соҳаи мудофиа ҳам. Бо дидани бинои нави шӯъбаи корҳои мудофиаи ноҳияамон бисёр шод шудам. Як муддат ба сифати раиси коммисияи даъват ба хидмати ҳарбии муддатӣ дар корҳои интихоб ба хидмати ҳарбӣ иштирок карда будам. Он даврро бо имрӯз муқоиса карда намешавад. Ба як хонаи танг се-чор нафар даромада, ҷавонони даъватшударо аз сӯҳбат мегузаронидем. Имрӯз барои ҳар як мутахассис хонаи алоҳида ҷудо карда шудааст. Ин ба муоинаи тиббии амиқи даъватшавандагон ва интихоби ҷавонони солим, баркамол ва ҷасур мусоидат мекунад.
Дар маросими мутантани кушодашавии бинои нав фармондеҳи Нерӯҳои округи ҳарбии марказӣ Фаррух Зиёбоев, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов иштирок карданд.

А.ИСРОИЛОВ.