Яке аз усулҳои маъмултарини интиқоли маводи мухаддир аз марзҳои гумрукӣ аз худ ҳамчун «зарфи зинда» истифода намудан аст!
Шуъбаи мубориза бо контробандаи Садорати гумруки вилояти Самарқанд ва дидбонгоҳи гумрукии марзии «Ҷартепа» шахсонеро, ки мехостанд маводи мухаддирро дар узвҳои дарунии худ пинҳон карда гузаронанд, боздошт карданд.
Яке аз шаҳрвандоне, ки аз кишвари ҳамсоя тавассути ин дидбонгоҳ ба кишвар ворид шуда буд, таваҷҷуҳи корманди гумрукро ба худ ҷалб кард. Вақте ки ин мусофир бо «сканери бадан» муоина карда шуд, гумонҳо тасдиқи худро ёфтанд. Маълум шуд, ки дар узвҳои дарунии зан 3 баста пинҳон карда шудааст.
Вақте ки бастаҳо бо ёрии табибон ва дар ҳузури шоҳидон кушода шуданд, маълум шуд, ки онҳо вазни умумии 255 грамм маводи мухаддири «афюн»-ро доштаанд.
На танҳо ин — ҳамсари ин шаҳрванд низ фавран зери назорати кормандони ёрии таъҷилӣ қарор гирифта, ба яке аз беморхонаҳои Самарқанд интиқол дода шуд.
Ҳангоми муоинаи тиббӣ аз узвҳои дарунии ин шахс 4 баста гирифта шуд. Ин бастаҳо 541 грамм маводи мухаддири «афюн» доштанд.
Ҳамин тариқ, дар ин ҳолат кӯшиши ворид кардани вазни умумии 796 грамм маводи мухаддири «афюн» аз ҷониби мусофироне, ки худро ҳамчун «зарфи зинда» истифода мебурданд, пешгирӣ карда шуд.
Айни замон, мақомоти гумрук дар робита ба ҳолатҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ оғоз кардаанд.
