Ovozi.uz

Дар маҳаллаҳо корҳои омӯзишӣ идома доранд

Дар ноҳияи Иштихон бо мақсади муайян намудани занону духтароне, ки ба рӯйхати «Дафтари занон» барои соли 2026 ворид карда мешаванд, корҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо роҳбарии мудири шуъбаи Оила ва занони ноҳия Ф. Чинорова ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор дар ҳар як маҳалла суҳбатҳои хона ба хона ташкил гардидаанд. Дар ин ҷараён вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сатҳи шуғл, саломатӣ, хоҳиши машғул шудан ба соҳибкорӣ ва мушкилоти мавҷудаи занон ҳамаҷониба омӯхта мешаванд.

Дар рафти омӯзишҳо барои бартараф намудани мушкилоти ошкоршуда, дастгирии мақсадноки занони ниёзманд ва ҳангоми ташаккули рӯйхати зинаи 7-уми «Дафтари занон» ба риояи қатъии шаффофият ва адолат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки ин ҷараён дар тамоми маҳаллаҳои ноҳия пайваста идома дорад.