Ovozi.uz

ВАЗИФАҲОИ МЕНТОР-ОМӮЗГОР АЗ ЧИҲО ИБОРАТ АСТ?


Ментор — манбаи дониш ва ҳавасмандии амалӣ мебошад. Чунин шахс ба шумо кӯмак мекунад, ки диққатро ба ғояи асосӣ равона кунед, ҳадафҳои дуруст гузоред ва воситаҳои оптималии ба онҳо ноил шуданро пайдо намоед. Бо шарофати дониш ва таҷриба ментор-­омӯзгор ба мутахассиси навкор барои пешгирӣ кардани хатоҳо кӯмак мекунад, аммо дар ҷои ӯ кор намекунад.
Ин гуна калима дар рафти анҷумани матбуотии Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят доир ба мавзӯи «Такмили ихтисоси муаллимон ва тағйиротҳо дар ин соҳа» гузаронд, ба забон оварда шуд.
Роҳбари Маркази маҳорати педагогии вилоят Аълам Иброҳимов дар баромади худ таъкид кард, ки ҳоло дар системаи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят 5486 муассиса фаъолият дорад, ки аз онҳо 1355‑тоаш мактаби таълими умумӣ (1272‑тоаш мактаби умумитаълимӣ, 17 мактаби ихтисосонидашуда, 1 мактаби президентӣ, 8 мактаб-­интернати махсус, 41 мактаби нодавлатӣ), 17 мактаби бачагонаи «Баркамол авлод» ва ғайра мебошанд. Шумораи ташкилотҳои томактабӣ 4388 адад аст, ки аз онҳо 3164‑тоашро боғчаҳои оилавӣ ташкил мекунанд.
Дар мактабҳо 61016 нафар омӯзгорон кор кунанд, дар муассисаҳои таълими томактабӣ 10789 нафар ходимони педагогӣ фаъолият мебаранд. Мувофиқи реҷа дар солҳои хониши 2023–2024 такмили ихтисоси 60602 нафар муаллимону мураббиён (аз он ҷумла 1507 10789 нафар ходимони педагогии боғчаҳо) ба нақша гирифта шуда буд. Онҳо аз рӯи ҷадвал маҳорати худро сайқал доданд. Ҳатто 8 нафар муаллимони забони хориҷӣ дар Франсия такмили ихтисос карда, ба вилоятамон баргаштанд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21‑уми июни соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба такмил додани системаи рушди пайвастаи касбии ходимони ташкилотҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ» таҳти рақами 231 дар бобати такмили ихтисоси ходимони ин соҳаҳо тағйиротҳои зиёде ба амал меоянд. Аълам Иброҳимов дар ин бора гуфт, ки аз соли 2025 сар карда, барои ментор-­омӯзгорон ҳам курсҳои алоҳидаи тайёркунӣ ташкил карда мешаванд.
Баъди анҷуман ходимони Садорати вилоятии таълими томактабӣ ва мактабӣ барои журналисту блогерон дар ташкилоти давлатии таълимии томактаби (ТДТТ)-и рақами 51 пресс-тур ташкил карданд. Ин ТДТТ дар маҳаллаи Шодиёнаи мавзеи Қаросуви шаҳри Самарқанд воқеъ аст.
Иштироккунандагони пресс-тур бо шароитҳои ин ташкилоти томактабии замонавие, ки ба қарибӣ ба истифода додаанд, бевосита шинос шуданд.
Ташкилоти давлатии таълими томактабии аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдудди «ПМК‑7» дар асоси Барномаи сармоягузорӣ ба маблағи 13 миллиарду 500 миллион сӯм сохта шуда, моҳи июни соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар 12 гурӯҳ 300 нафар кӯдакони 3–7‑солаи маҳалла таълиму тарбия мегиранд. Имрўз дар ин ташкилот 45 нафар кормандон фаъолият доранд, ки 23 нафарашон педагогҳои соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.
Дар боғча барои кӯдакон тамоми шароитҳо, аз ҷумла ошхонаи замонавӣ, хобгоҳҳои бароҳату равшан, майдончаҳои варзишӣ, маҳфилҳои рақсу гимнастикӣ, ҳавзи шиноварӣ ва ғайра фароҳам оварда шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар айни замон аз 380 883 нафар кӯдакони аз 3 то 7‑солаи вилоят 261 913 нафар, яъне 70,6 фоизашон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Журналисту блогерон, инчунин аз мактаби таълими умумии рақами 52‑и ноҳияи Ҷомбой боздид карда, бо роҳҳои аз минтақаи «сурх» ба «сабз» гузаштани он шинос гардиданд.

Б.ҶУМЪАЕВ