Ovozi.uz

Таъсири ҳамкории устоду шогирд ба сифати таълим

Дар мактаб ҳамкории устоду шогирд, мушоҳидаи холисонаи дарсҳои байниҳамдигарӣ, таҳлилии онҳо, ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои фаннӣ боиси баландшавии сифати таълим мешаванд.
Муаллими маъруфи мактаби миёнаи рақами 10‑и ноҳияи Самарқанд (ҳоло шаҳри Самарқанд) инсони донишманд, фидоии таълим Убайдуллоҳ Раҳмонов аз ҳамкасбу шогирдҳояшон вақт ва дониши худро дареғ намедоштанд.
Ҳамчун муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони русӣ донишашон басо хуб буд. Бинобар ин, методҳои дарсгузаронии Убайдулло Раҳмонов дар миқёси ноҳияву вилоят оммавӣ кунонида шуда, дар институти такмили ихтисоси муаллимони вилоят дарс медоданд.
Хушбахтона, бо он кас дар як мактаб кор карда, ҳамчун шогирд аз он кас сирри бисёри таълимро омӯхтам.
Бинобар ҳамин, аз ҳаёти муаллимамон бисёр хотироти нек мондааст. Мунтазам китоб мутолиа карда, рӯзномаҳои навбаромадаро аз назар мегузаронданд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯи навигариҳои таълим, роҳҳои боз ҳам баланд бардоштани сифати дониши хонандагон буданд. Моро ҳам ба ин гуна пешравию ҷустуҷӯ даъват мекарданд ва ҳамин хел шуд, ки ман ҳам ба хондани рӯзномаву маҷалла, маводҳои методӣ ва қарорҳои нави ҳукумату вазорат оиди таълиму тарбия ва иҷрои он одат кардам.
Бисёр вақт ҳардуямон дар мактаб баъди тамом шудани дарсҳо доир ба муаммоҳои корҳоямон ва ҳалли онҳо сӯҳбат меоростем. Баъзан чӣ хел гузаштани вақтро надониста мемондем.
Кӯшиш мекардем, ки натиҷаҳои ин сӯҳбатҳоро ба ҳаёти мактаби худ роҳандозӣ намоем.
Яке аз хулосаҳое, ки дар сӯҳбатҳои мо пайдо шуд, ин ба ду гурӯҳ ҷудо кардани хонандагони синф аз фанҳои забони модарӣ, русӣ ва забони хориҷӣ буд. То он вақт дар мактаб хонандагон мувофиқи рӯйхати журнали синф тақсим мешуданд. Мо инро ислоҳ карда, аз синфи панҷ ба дониши хонанда аҳамият медодем. Яъне, дар натиҷаи санҷишу сӯҳбатҳо хонандагони синф ба гурӯҳи «хубхонҳо» ва «сустхонҳо» ҷудо шуданд. Ба таҷрибаҳо такя намуда, муаллимон ба гурӯҳҳо алоҳида-­алоҳида тайёрӣ дида, дарс медоданд.
То охири сол дар гурӯҳҳо дигаргунӣ яъне хонандагони пешқадами гурӯҳи сустхон ба гурӯҳи хубхонҳо гузаронида мешуданд. Дар гурӯҳи сустхонҳо шумораи хонандагон кам мемонд ва муаллими дарсдиҳанда барои ҳар як хонандаи ин гурӯҳ бисёртар вақташро ҷудо мекард. Дар натиҷа сифати дониши сустхонҳо ҳам баланд мешуд.
Ин гуна таҷрибаҳо ҳоло ба як ҳудуд ё мактабҳои алоҳида ба шакли «майдони таҷрибавӣ» гузаронида мешаванд.
Хулосаи дуввум ва кӯшиши мо бо муаллим Убайдулло Раҳмонов ин буд, ки оғози омӯзонидани таълими забони хориҷиро аз синфи 2 маъқул донистем. Лекин тақсимоти соатҳои дарсӣ аз тарафи вазоратҳои таълим ва молия тасдиқи худро ёфта, аз синфи панҷум омӯзонидани фанни мазкур муайян шуда буд.
Агар мо худсарона ба синфи ду ба ҷадвали дарс аз фанни хориҷӣ дарс монда, муаллим таъин кунем, омӯзгори дарсдиҳанда маош гирифта наметавонад, чунки дар тақсимоти дарси синфи ду омӯзиши фанни забони хориҷӣ набуд, шӯъбаи молия ҳам маош ҷудо карда наметавонист.
Мо бо Убайдуллоҳ Раҳмонов таклифи худро дар ҷамъомадҳои методӣ ва маҷлисҳои шӯрои педагогӣ гузошта, баъди гирифтани хулосаи мусбат ба идораҳои боло низ аз фоида холӣ набудани мақсадамонро исбот карда, аз соли 2009–2011 аз ҳисоби дарсҳои факултативӣ ба ҷадвали дарси синфи ду соати дарси забони хориҷиро гузошта, муаллим таъин кардем, нақшаҳои солонаро ба хусусиятҳои психологию физиологии бачагон вобаста карда тартиб додем. Дар охири соли хониш ин ташаббусу кӯшишу ғайратамон самараи хуб дод.
Сипас, 10‑уми декабри соли 2012 қарори Президент оиди «Боз ҳам такмил додани омӯзиши системаи забони хориҷӣ» баромад ва аз соли хониши 2013–2014 дар тамоми мамлакат омӯзиши фанни забони хориҷӣ аз синфи 2 оғоз ёфт.
Ҳоло дар аксарияти оилаҳо барои омӯзонидани дониш, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ эътибори махсус дода мешавад. Зеро аз оила сар шудани тарбияи фарзандро худи зиндагӣ ҳам нишон дод. Чунки наврас дар мактаб 5–6 соат таҳсил мегирад, вақти дигари ӯ дар давраи оила мегузарад. Дар ин ҳолат тарбияи фарзанд ба зиммаи падару модараш мегузарад. Қисми асосии вазифаи мактаб баланд бардоштани сифати таълими хонанда мебошад.
Ин хулоса аз таҷрибаи чандинсолаи Убайдулло Раҳмонов буд, ки дар замони он падару модарон масъулияти тарбияи фарзандонро бо баҳонае ба зиммаи мактаб мегузоштанд.

Аъзам АЪЛАМОВ.