Дар мактаб-интернати рақами 59-уми тахассусии кӯдакони нобинои «Нурли Маскан»-и шаҳри Самарқанд марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаи фанҳои асосӣ доир гардид.
145 нафар хонандагони синфҳои 11-и мактаб-интернатҳои махсуси нобиноён, ки дар марҳилаи вилоятии олимпиада ғолиб омадаанд, аз фанҳои математика, забони модарӣ ва адабиёт, забон ва адабиёти рус ва таърих дониши худро санҷиданд.
Аз фани математика Зиёдулло Эралиеви сурхандарёӣ ҷои аввал, Ҷамолхон Эргашеви намангонӣ ҷои дуюм ва Шомурод Кешнимҷаев аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҷои сеюмро гирифтанд.
Аз фани забони модарӣ ва адабиёт Назокатхон Бутунбоеваи самарқандӣ ғолиб шуд ва ҷойҳои баъдӣ ба Толибҷон Тӯрахонови хоразмӣ ва Машҳура Эгамоваи бухороӣ насиб кард.
Аз фанни забон ва адабиёти рус Ирода Кушаева аз вилояти Сирдарё ғолиб дониста шуд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро донишомӯзон аз Қарақалпоқистон Фарида Раманова ва Султонбек Турамбетов соҳиб шуданд.
Аз фани таърих Элшод Исматов, донишомӯзи бухороӣ натиҷаи беҳтарин ба даст овард ва Наврӯзбек Қӯйлиев самарқандӣ ва Холбек Ӯлҷаеви қашқадарёӣ соҳиби ҷойҳои ҷоизадор шуданд.
Ташкилкунандагон ба донишомӯзоне, ки ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро гирифтанд, сертификатҳои электронӣ, ки ба онҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосашон ба гирифтани холҳои ҳадди аксар ҳуқуқ медиҳанд ва мӯҳлати эътиборашон се сол мебошад, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
