Мувофиқи қарори Президенти мамлкатамон Шавкат Мирзиёев аз 5‑уми ферали соли 2026 «Дар бораи дар мамлакатамон ва хориҷа васеъ ҷашн гирифтани 690‑солагии таваллуди ҳомии илм, фан, маданият ва санъат, сарлашкар ва арбоби бузурги давлатӣ Соҳибқирон Амир Темур» чорабиниҳои зиёде ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҳақиқат, Соҳибқирон Амир Темур, арбоби бузурги давлатӣ, фармондеҳи шикастнопазир, ҳомии илм, фарҳанг, маънавият, санъат, ҳунармандӣ, тиҷорат ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Мовароуннаҳр, яке аз абармардоне ба шумор меравад, ки на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар саросари Осиё, Аврупо, Қафқоз, Россия ва дигар кишварҳо заминаи тамаддуни ҷаҳониро гузоштааст. Аз ин рӯ, бисёре аз олимони аврупоӣ, осиёӣ ва дигар кишварҳо бахшида ба ӯ асарҳо навиштаанд ва ҳаёту фаъолияти Соҳибқиронро ба таври объективӣ инъикос кардаанд. «Ҳаёти Темурланг»-и Б. Де Миглане, «Ҳаёти Темур»-и Форест, «Ҳаёти Темури Бузург»-и Сенксион барин бештар аз 20 китоб ба ин мисол шуда метавонанд. Китоби «Санъати низомии халқҳои Осиёи Марказӣ дар замони Чингизхон ва Темур»-и, сардори штаби генералии Артиши Россия, генерал Иванин ба дастури асосии мактаби санъати ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Ғайр аз ин, хонандагон аз асарҳои Руи Гонсалес де Клавихо «Рӯзнома» ва Герман Вамберӣ «Таърихи Бухоро ё Мовароуннаҳр» хуб огоҳанд. Қайд кардан муҳим аст, ки Амир Темур барои мавҷудияти давлати худ на танҳо бо кишварҳои Осиё, балки бо аксари кишварҳои Аврупо муносибатҳои наздики дипломатӣ барқарор кардааст. Де Клавихо бо сабаби фиристодани сафирон ба Испания бо роҳбарии Ҳоҷӣ Муҳаммади қозӣ ба Самарқанд омад. Таърихшинос Ибни Арабшоҳ менависад: «Ҳар вақте ки Амир Темур сухане мешунид, далел талаб мекард ва бо диққати зиёд ба ҷавоб гӯш медод.» Дар ҳақиқат, Амир Темур, ки Самарқандро пойтахти империяи худ медонист, ба азнавсозии он ҳамчун зеботарин, бошукӯҳтарин ва беназиртарин шаҳри ҷаҳон шурӯъ кард ва дар айни замон, барои тақвияти деҳаҳои наздики пойтахт, онҳоро ба номи шаҳрҳои зебо ва машҳури ҷаҳон, ба монанди Париж ва Мадрид, номгузорӣ намуд.
Дар рушди тиҷорат дар Самарқанд, шукуфоии бозорҳо барои зиндагии аҳолӣ, пеш аз ҳама, барқарории адолатро дар пойтахт таъмин кард. Муҳимтар аз ҳама, шукуфоии ҳамаҷониба ва қудрати стратегии Самарқанд, ки пойтахти тақрибан 20 кишвар буд, ба шуҳрати он шукӯҳи бештар зам кард. Дар маркази пойтахт, пеш аз ҳама, ӯ шахсан рушди илм, санъат, адабиёт ва дигар соҳаҳоро дар баробари ободонӣ, шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат роҳбарӣ мекард ва дигаронро низ ба ин кор ташвиқ менамуд. Дар ин шаҳр талаботи молҳои мардуми Мовароуннаҳрро ба назар гирифта, бофандагӣ, коғазтайёркунӣ, қолинбофӣ, коркарди чарм, банақшагирии шаҳрсозӣ, сохтмони роҳҳо, бунёди боғҳо, инчунин корвонсаройҳо афзоиш ёфт. Дар рушди тиҷорати байналмилалӣ косибон, дуредгарон, сангтарошон, оҳангарони ҳунарманд, меъморон, сохтмончиён ва ҳунармандони гулдаст ба намоиши санъати худ шурӯъ карданд.
Ҳунармандони машҳури кишварҳои дигар, аз ҷумла ба бофандагон, дӯзандагон, силоҳсозон, заргарон, сайқалдиҳандагони шиша, мисгарон ва заргарон, хиштпазон ва гулсозони димишқӣ низ имкон дода шуд, ки дар ин ҷо эъҷози дастони худро рӯиоб гардонанд. Ғайр аз ин, Соҳибқирон на танҳо дар барқарор кардани муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ муваффақ шуд ва Роҳи бузурги абрешим аз Ӯрдаи тиллоӣ тавассути Самарқанд гузашт, балки амнияти муоширати байни Ғарб ва Шарқро таъмин кард, корвонсаройҳо, ҳавзҳо, масҷидҳо, меҳмонхонаҳо ва пулҳо сохт ва заминаҳоро барои истиқболи меҳмонони хориҷӣ гузошт. Дар натиҷа, чунин муҳити мусоид дарро ба шаҳри Самарқанд, ки қаблан барои дарёби молҳои байналмилалӣ дастнорас буд, боз кард ва маҳсулоти атторӣ, рангҳои гуногун, матоъҳои абрешимӣ, чинӣ, сангҳои нодир ва қиматбаҳо, мушк ва ҷавоҳироти зебо аз Ҳиндустону Хитой оварда мешуданд. Дар роҳҳо онҳо аз ҳар гуна хавфу хатар эмин буданд. Бору молҳо, аз сабаби арзиш, зебоӣ ва беназирии худ, маҳз дар Самарқанд коркард ва ба навъҳо ҷудо карда ва сипас ба дигар кишвару қаламравҳо интиқол дода мешуданд. Тоҷирон метавонистанд молҳои осиёиро ба Аврупо, бахусус Россия, ҳатто, тавассути Ҳирот ва Табрез то шаҳрҳои Генуя баранд. Ҳамин тариқ, ҳар як ваҷаби Мовароуннаҳр, аз тобеон то ҳамаи оилаҳои тоҷир, ки дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳамзамон ба тиҷорат машғул мешуданд, сахт ҳифз мешуд. Илова бар ин, масъулони тиҷорат дар кишвар бар асоси қонунҳо ва қоидаҳои муайян амал мекарданд, нархҳоро дар бозорҳо танзим мекарданд ва баръакс, ҳолатҳои риоя накардани чунин қоидаҳо пешгирӣ ва нисбати вайронкунандагон чораҳои қатъӣ андешида мешуданд. Ҳамин тариқ, Соҳибқирон дар гузоштани пояи давлатдории бузург ба ҳама корҳои калон ва хурд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекард ва бо ин васила шукуфоии Самарқанд, шаҳри асосии Мовароуннаҳрро, ки таҳти назораташ буд, шахсан нигоҳ медошт.
Хидиралӣ БОТИРОВ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.
