Ovozi.uz

«Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!»

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1‑ми апрели соли 2026 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили васеъ ва баргузор намудани ҷашни 35‑солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.

Зимни қарор қайд карда шудааст, ки истиқлолияти миллии мо натиҷаи иродаи қатъии халқи мард ва диловарамон, амалӣ шудани орзуву умедҳои ниёи фидокорамон, ки дар роҳи истиқлолият мубориза бурдаанд, пойдевори мустаҳками корҳои накӯямон, ки барои бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронида шудаанд, инчунин арзиши бузург ва муқаддасе мебошанд, ки мо бояд онро ба наслҳои оянда бекамбуд расонем.

Мувофиқи қарор, 35‑солагии Истиқлолияти кишварамон таҳти ғояи асосии «Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои эҷодии бадеӣ иборат аз намояндагони илму фан, таълим, фарҳанг, адабиёт ва санъат, варзишгарон ва вакилони ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, дар давоми моҳҳои апрел–сентябр дар саросари ҷумҳурӣ «Ҷашни истиқлол» (фестивал), ки чорабиниҳои васеи маънавию маърифатӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад, гузаронида мешавад.

Лоиҳаи эскизии муҷассамаи рамзии «Фидокорони Ватан», ки ғояҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ ва симои бунёдкорони Ӯзбекистони Навро инъикос менамояд, таҳия мегардад. Ин муҷассамаҳо дар қисми марказии боғҳои ҳамҷиҳатии миллӣ, ки дар солҳои 2026–2030 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо бунёд мешаванд, насб карда мешавад.

Бахшида ба ислоҳоте, ки дар ҳар як соҳа амалӣ мегарданд, натиҷаҳои онҳо ва дастовардҳои ноилшуда китоб-­албоми махсуси «Зафарномаи истиқлол» омода мегардад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти ҳештегҳои #Mustaqillik35 ва #Uzb35 аксияҳои таблиғотӣ (флешмоб, подкаст, викторина ва ғайраҳо)-ро гузаронида хоҳанд шуд.

Силсилаи филмҳои мустанад ва барномаҳо таҳти рукни «Солномаи 35 соли истиқлолият», ки марҳилаҳои таърихии истиқлолият, дастовардҳо ва корҳои бунёдкориро инъикос мекунанд, таҳия ва пахш карда мешаванд.

Дар моҳи августи соли 2026 дар шаҳри Тошканд таҳти унвони «Ӯзбекистони соҳибистқлол — роҳи 35‑солаи рушд: ислоҳот, натиҷаҳо ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмиву амалӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар моҳҳои август–сентябри соли 2026 бо иштироки ҳамватанони хориҷӣ ва намояндагони диаспораи ӯзбек таҳти шиори «Ӯзбекистони соҳибистиқлол — ғурури ман, ифтихори ман» чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ташкил карда мешаванд.

Тангаи тиллоии хотиравии «Мустақилликнинг 35 йиллиги» сикка зада мешавад.

Ба яке аз маҳаллаҳои навтаъсис ва яке аз истгоҳҳои роҳи оҳан номи «35‑солагии Истиқлол» гузошта хоҳад шуд.