Ovozi.uz

Рамазон — раҳмат, мағфират ва наҷот

Рамазон танҳо моҳи рӯза гирифтан нест. Ин моҳи ислоҳи ниятҳо, пок сох­тани дилҳо ва худшиносии нав аст — фурсати мубораке, ки инсон худро боз меёбад. Рӯзаи моҳи Рамазон соли 622 милодӣ, пас аз ду соли ҳиҷрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам аз Макка ба Мадина, дар рӯзи 18‑уми моҳи шаъбон фарз гардидааст. Аз он замон то имрӯз мусулмонони ҷаҳон ин моҳро бо шодӣ истиқбол мегиранд. Дар кишвари мо низ Рамазон аз қадим ҳамчун моҳи муқаддас ва бузург гиромӣ дошта мешавад.

Ин моҳ дар зиндагии на танҳо динӣ, балки маънавии мардуми мо низ ҷойгоҳи вижа дорад. Бо фаро расидани Рамазон дар ҷомеа фазои хосси рӯҳонӣ, покизагӣ, меҳру муҳаббат ва ваҳдат шакл мегирад. Дар миёни мардум ҳисси сабру таҳаммул, бахшандагӣ ва раҳмдилӣ қавитар мешавад. Арзишҳое чун эҳтироми бузургсолон, иззати ҷавонон ва ёрӣ ба ниёзмандон боз ҳам равнақ меёбанд.

Дар масҷидҳо намозҳои таровеҳ, тиловати Қуръон ва суҳбатҳои маънавию маърифатӣ афзуда, мардумро ба некӣ, покизагӣ ва ҳалолкорӣ даъват менамоянд. Рамазон на танҳо моҳи ибодат, давраи худдорӣ аз нафс, даст кашидан аз одатҳои бад ва таҳкими ахлоқи нек, балки моҳи тарбия низ ҳаст.

Рамазон моҳи раҳмат, мағфират ва наҷот (озодӣ аз дӯзах) аст. Дар даҳаи аввали он раҳмати Худованд нозил мегардад, дар даҳаи дуюм гуноҳҳои бандагони тавбакарда мағфират мешаванд ва дар даҳаи сеюм мӯъминон аз дӯзах раҳоӣ меёбанд.

Аз Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: «Аввали он раҳмат, миёнааш мағфират ва охираш раҳоӣ аз дӯзах аст».

Бешак, Рамазон барои мӯъминон моҳи нузули раҳмат ва баракати Худост. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд: «Дар Рамазон дарҳои раҳмат кушода мешаванд».

Рамазон моҳи «итқун мина-н-нирон» — раҳоӣ аз оташ барои мӯъминон аст. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд: «Дар ҳар шаби Рамазон бандагоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро аз дӯзах озод мекунад».

Дар кишвари мо муносибат ба Рамазон танҳо ба ибодати динӣ маҳдуд намешавад, балки ба сатҳи арзиши умумимиллӣ бардошта шудааст. Ҳатто касоне, ки рӯза намегиранд, ба ин моҳ бо эҳтиром менигаранд ва рӯзадоронро гиромӣ медоранд. Ин аз фарохандешӣ ва сатҳи баланди фарҳанги маънавии мардуми мо дарак медиҳад.

Бигузор, Худованд ҷалол ва шукӯҳи Рамазонро дар диёри мо боз ҳам бештар гардонад.

Йӯлдошхон ИСОЕВ, ходими илмии Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ