Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва ба инсонҳои дигар, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад.
Оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақом дорад. Зеро шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, то аз худ намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад. Вобаста ба обрӯю эътибори падару модар ва таъсири онҳо ба кӯдакону наврасон дар оила сифатҳои шахсият ташаккул меёбад, яъне маҳз оила дар инкишофи ҷисмонию маънавӣ ва худшиносии онҳо нақши тақдирсозро мебозад. Аз ин рӯ, яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии кӯдакон, албатта, оила мебошад. Волидайн чигуна хислату рафтор дошта бошанд, хурдсолон низ тадриҷан ба онҳо пайравӣ мекунанд. Ба онҳо тақлид намуда, ҳар амали иҷрокардаашро ба худ шараф медонанд ва худро дар мавқеи калонсолон мебинанд.
Ҳаёт собит намудааст, ки фарзандоне аз ҷониби падару модарон пазироии махсусро шарафёб мегарданд, инҷиқу эрка ба воя мерасанд. Ҳамеша ба марҳамати падару модарон нигаронӣ мекунанду чашми тамаъ ба сӯяшон медӯзанд. Чунин фарзандон танбалу ноӯҳдабаро ва меҳнатгурезу камҳавсала ба воя мерасанд.
Ҳар падару модар бояд барои фарзандон дар ҷодаи бедор намудани ҳисси худшиносии онҳо чу шамъ фурӯзон бошанд. Маҳз оила, падару модар аст, ки худшиносии кӯдакон аз онҳо ибтидо мегирад. Нахустин бор кӯдак дар оила бо одитарин нишонаҳои худшиносӣ (ҳурмат намудани аъзои оила, доштани одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани одамон, ҳифзи табиат, донистани гузаштаи худ ва амсоли онҳо, албатта, дар шакли содда ва мувофиқ ба ҷаҳонбинию синну соли онҳо) шинос мегардад, дар сурате ки падару модарон ва дигар аъзоёни калонсоли оила ба ин масъала мутаваҷеҳ бошанд. Нозпарвар кардану якеро аз дигар фарзанд болотар гузоштан барои падару модарон лаҳзаҳоест ногувор ва ин амали онҳо дарахтеро мемонад, ки меваи талх ба бор меоварад. Чуноне шоире гуфтааст:
Нозпарвар масоз фарзанди хеш,
Ки фардо реш гардонӣ дили хеш.
Гузашта аз ин, падару модарон дар ҳама корҳои дигар ба ҳама фарзандон яксон муомила намуда, ҳамеша рафтору кирдори онҳоро зери назорат гирифта, иршод ва раҳнамоӣ намояд.
Бузургон таъкид кардаанд, ки агар хоҳӣ, қадам бар арсаи воломақомии одамият ниҳӣ ва ба пос нигоҳ доштани ҳама он қавоидҳои худшиносӣ зиҳӣ, ибтидо бояд ҳадди хешро бидонӣ ва бо ҳамин шоҳроҳи ҳаёт пай монӣ, то дар зиндагӣ сарсон нагардӣ. Ҳар он касе, ки ҳадди худро донад, дигарон низ ба қадри ӯ мерасанду эҳтиромаш менамоянд.
Воломақомӣ ва худшиносии одамиятро андозаи амал ва иқдомгузорӣ дар ҳаёт аст. Чун одамӣ аз андоза бурун шуд, ҳамин бурунравиҳо касро беқадр ва обрӯи онро дар ҷомеа коста менамояд. Аз эҳтироми мардум ва қадршиносии умум бебаҳра мондани ҳар шахс ба азхудравию қадрношиносии ӯ нисбат ба дигарон сар мезанад. Носипосӣ бар афроди атроф ва ғолибияти кибру ғурур сабаби беқадрии ҳар фард байни омма мегардад. Хусрави Деҳлавӣ мӯшикофона гуфтааст:
Нахоҳӣ, ки зер афтӣ аз ҷои хеш,
Зи андоза бурун манеҳ пои хеш.
Маҷмӯи унсурҳои ба ақлу хирад ва заковати одамият мақбул гардидаи ҳаёт худшиносии одамиро ташкил медиҳад ва ҳар як фард бояд берун аз ин хат пай наниҳад.
Аз ин рӯ, дар гулистони умр на хор, балки гул бошад ва ба машоми маънавии афрод накҳатбахш гардад, то одамон аз он баҳра бардоранд ва аз ҳаракати дилбастаи хеш суд баранд:
Гул бишав, то одамон бӯят кунанд,
Дидаи умед бар сӯят кунанд.
Бо ту баста меҳри дил шому сабоҳ,
Орзу бар хулқу бар хӯят кунанд.
Дар олами худшиносӣ кибру ғурур, худбехабарӣ, ғаррашавӣ, азхудравӣ ва амсоли инҳо унсурҳои ғайриинсонӣ бошад, ки маҷмӯи ӯ таҷассуми бараълои ҷаҳлу ҷоҳилӣ ва ҷаҳолатпарастӣ бувад. Чуноне ки ҷавҳарро бо санг барнахӯронанд, мазмун: бо чунин ашхос набояд баробар шуд ва равобити амал бо ӯ намуд. Зеро онҳо савори саманди ҷаҳланд ва гар аз асп фароянд ҳам, аз узангу намефароянд, яъне пой аз рикоби тавсани ҷаҳлу ҷоҳилӣ ва ҷаҳолашпарастӣ бар замин нагузоранд ва рӯй бар гулшани худшиносию одамият наёранд.
Пеш аз ҳама, илму адаб набзи занандаи ҷавҳари маънавӣ дар пайкари одамӣ бувад. Решаи худшиносӣ аз сарчашмаи илму адаб об хӯрад, сабзида ба камол расад ва боровар гардад.
Ҳастиро қадр кардан, пос нигоҳ дошта шудани иззату эҳтироми тарафайн, меҳру муҳаббат ба ватан, ба аҳд устуворӣ ва вафо, некрафторию ширингуфторӣ, воломақомии одамиятро дар ниҳоди фарзандон аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани онҳо падару модар ба роҳ мемонад ва то кадом андоза амалӣ шудани ин хислатҳои неки инсониро бояд зери назорат қарор диҳад.
Таҳкурсии худшиносиро оила мегузорад ва он минбаъд дар мактаб рушд намуда, ташаккул меёбад. Зеро дар мафҳуми худшиносӣ, муҳаббат доштан нисбат ба сифатҳои ростиву ростқавлӣ, инсондӯстиву ватанпарварӣ, саховатмандию меҳнатқаринӣ, ҳурмату эҳтироми падару модарон, аз худ бузургсолон ва дӯстону наздикон, сабру таҳаммул, бошармӣ, некӯкорӣ, интихоби дӯсти арзанда, ҳимояи марзу бум барин хислатҳои наҷиби инсонӣ ниҳон аст.
Бобохон ҶӮРАЕВ, омӯзгор
