Ovozi.uz

Фазилатҳои неки инсонӣ намунаи ибрат аст

Имрӯзҳо занҳои боилму дониш, фаъол, ташкилотчӣ хеле бисёранд, ки баробари оиладорӣ, корҳои ҷамъиятиро низ иҷро мекунанд. Яке аз чунин занҳои ҷавон, омӯзгор, ҷонишини декан оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатии факултети таълими педагогии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Маҳина Аҳророва мебошад.
Ҳар гоҳе, ки ба ҳалли ягон масъала ба утоқи кории ӯ дохил шавам, дар рӯйи мизаш китобҳои бадеиву илмӣ зиё­данд. Аз ин фаҳмидан душвор набуд, ки муаллима бо вуҷуди кори зиёд доштанаш хондани китобҳоро низ канда намекунад. Муаллима дар як муддати кӯтоҳ якчанд масъалаҳои маънавию маърифии факултетро ҳал намуда, инчунин ба дарсҳо медарояд. Аз фанни «Методикаи хониши забони модарӣ» ба донишҷӯён бо маҳорати баланди педагогӣ, нутқи буррову равон дарс мегузарад. Донишҷӯён низ ба дарс фаъол иштирок намуда, методҳои наву замонавӣ, мавзӯъро осон аз худ мекунанд.
Дар давоми сӯҳбатҳо бо аз муаллима фаҳмидам, ки касби омӯзгорӣ барои ӯ қобилияти модарзодӣ аст. Зеро, Маҳина Аҳророва 11_уми декабри соли 1987 дар оилаи зиёӣ — падар Аваз Аҳроров ҳавонавард. Модар — Гулбаҳор Насриддинова ба дунё омадааст. Волидон се нафар фарзандро хононида, соҳиби маълумоти олӣ гардонидаанд.
Маҳина Аҳророва пас аз хатми бахши бакалавр ва шӯъбаи магистратураи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар мактабҳои ҳамагонии 6 ва 26_уми ноҳияи Самарқанд аз фанни забони модарӣ ва адабиёт дарс гуфтааст. Дар солҳои 2014 ва 2018 сазовори мукофоти «Омӯзгори беҳтарини фаннии сол» гардидааст. Аз соли 2018 то ҳол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият дорад. Алҳол, оиди мавзӯйи «Анъанаҳои Навоӣ дар эҷодиёти намояндагони адабиёти ҷадид» рисолаи илмии худро менивисад.
— Ба адабиёт аз хурдсолӣ меҳри баланд дорам. Дар куҷое, ки китобро дидам албатта мехондам. То ҳол 5—10 дақиқа вақти холӣ ёбам, зуд китоб мехонам. Зеро, омӯзгор бисёртар хонад, дар болои худ кор кунад, аз навигариҳо хабардор шавад албатта дар таълим пешравӣ, ривоҷёбӣ мешавад. Барои ба муваффақиятҳои баланд сазовор гаштани зан аз ҳама пеш оилаи ӯ сабаб мешудааст. Ман хушбахтам, ки ҳамсарам маро дуруст мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Барои тарбияву нигоҳубини се нафар фарзандонамон низ шавҳарам кӯмак­расон ҳастанд, — гуфт Маҳина Аҳророва.
Маҳина Аҳророва дар миқёси донишгоҳ ва берун аз он бисёр тадбирҳои маънавию маърифатӣ ташкил мекунад. Худи ӯ соли гузашта мукофоти «Ҷонишини беҳтарини сол оид ба корҳои маънавию маърифӣ»-ро соҳиб шуд.
— Ҳар як дарси муаллима бо методҳои наву ноанънавӣ баргузор мегардад. Аз ин рӯ, ҳамеша дарси ояндаи он касро интизор мешавем. Муаллима на танҳо омӯзгор, балки барои мо чун дӯст ва маслиҳатчии беғаразанд. Аз касе кӯмаки худро дареғ намедоранд. Муаллима Маҳина Аҳророва бо бисёр фазилатҳои инсонии худ намунаи ибрати ҷавонон мебошанд, — мегӯяд донишҷӯ Наргиза Алоҳиддинова.

Малика ҶУМЪАЗОДА