Суҳбат бо нависанда ва журналисти маъруфу маҳбуб Нусрат Раҳмат
«Панҷ сол пеш дар хонаамон музей ташкил намудам. Дар ин ҷо дастовардҳо ва ҳайкали худаму ҳамсарам ҷой гирифтааст. Ғайр аз ин китобҳои аз нашр баромадаам, мошини ҳуруфчинӣ ва компутерҳои дар солҳои гуногун истифода бурдаам, инчунин 170 қошуқи халқҳои гуногуни ҷаҳонро ҷамъ кардаам. Боз аз ҳар куҷо хешону наздикон ҳамчун туҳфа барои ин осорхона ба ман қошуқ меоваранд».
— Устод, Шумо яке аз аввалин эҷодкорони Ӯзбекистон ба шумор меравед, ки дар интернет блоги худро ташкил намуда (соли 2009), дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти журналистии худро идома додед. Имрӯз мо ҷавононро бештар ба китобхонӣ даъват менамоем. Фикри шумо дар бораи ривоҷ ёфтани интернет чӣ хел аст?
— Умуман тараққиёт, пешравӣ суръат меёбад. Ба фикри ман, интернет — фарзанди китобу рӯзнома аст. Одамон оҳиста-оҳиста аз китоб дур мешаванд. Барои он, ки ҳоло интернет ҳамеша ҳамроҳамон аст, аз он дар вақти дилхоҳ истифода бурдан мумкин. Навигарӣ ба зудӣ мебарояд. Аммо, китобро бештар хондан даркор. Одамоне, ки китоб мехонанд, ҳамеша ёфт мешаванд. Ман ояндаро бо интернет мебинам.
— Ба фикри Шумо журналисти имрӯза бояд чӣ хел бошад? Журналистикаи даври шумо чӣ хел буд?
— Ман умри сипаришудаамро фақат ба ҷамъ кардани қошуқҳо сарф накардаам, албатта. Ин барои камина шуғли дараҷаи чор ё панҷумин буд. Тамоми қудратамро барои ба воя расонидани фарзандони солиму солеҳ, навиштани романҳо, қиссаҳо, ҳикояҳо, очерку мақолаҳо бахшидам. Боварӣ дорам, ки баъзе асарҳоям пас аз ман солҳои дароз умр мебинанд. Вале бо вуҷуди ин, худамро аз нависанда бештар журналист-мухбир ҳисоб мекунам. Дар давоми умрам ғайр аз шаҳру деҳаҳои кишварам, дар девори бузурги Хитой, кӯҳҳои Помир, кӯчаҳои Деҳлӣ, соҳилҳои Баҳри Сиёҳ, дар биноҳои осмонбӯси Дубай, заповедник (мамнӯъгоҳ)-ҳои Украина, дар боғҳои истироҳатии Москва, плантатсия (киштзор)-ҳои чойи Гурҷистон (Грузия) ва ҷойҳои дигар будам. Дар даст қаламу блокнот, албатта. Эҳ, дар бораи кию чиҳо қаламронӣ накардам ман. Бо супориши таҳририят дар ҳабсхона, девонахона ва ҳатто ба морг ҳам даромадаам. Илло, мухбирҳо дар замони мо сарбаланд буданд. Журналисти имрӯза ин корҳоро бо як ҷустуҷӯ дар интернет ба анҷом расонида метавонад. Аммо, дидану аз пайи он будан кори дигар аст. Интернет он таассуроте, ки бо чашми худ ин ҳолату рӯйдодҳоро мебинед, дода наметавонад. Барои ҳамин, ҷойи журналист дар ин масъала дигар хел. Акнун дар оянда фикру андешаҳои рӯзноманигорон низ тағйир меёбад. Мулоқоту қаҳрамонҳо дигар хел мешаванд. Ба ҳамин омода шудан, бо вазъият мувофиқат кардан даркор аст. Роҳи дигар вуҷуд надорад.
— Дар бораи Асқад Мухтор китоби алоҳида тартиб додаед. Таъсири адиб дар эҷодиёти шумо чӣ тавр аст?
— Дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъати Ӯзбекистон» бо устод Асқад Мухтор беш аз се сол кор кардам. Муҳаррир ва инсони аҷоиб буданд. Дар соҳаи адабиёт таъсири устод ба ман бениҳоят бузург аст. Асқад Мухтор ягон навиштаи маро таҳрир намекарданд, мо шогирдон аз он кас танҳо дар бобати камтаринӣ, хирадмандӣ ибрат мегирифтем.
— Тадқиқи фаъолияти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва навиштани китоби «Ҷадид»-ро кай оғоз карда будед?
— Пеш аз Истиқлол Беҳбудиро қариб ҳеҷ кас ба ёд намеовард. Ӯро ҳамчун «душман» медонистанд. Пас аз Истиқлоли кишварамон низ ин ақида дар мағзи одамон буд. Вале, то ман чанд нафар Беҳбудиро тадқиқ карда буданд, ман ҳам яке аз аввалинҳо шудам. Омӯхтани Беҳбудӣ то ҳол муҳим аст. Дар ин хусус аввал мақолаҳо навиштам. Пас аз он бо ёрии авлодонашон ба ёди ин маърифатпарвари бузург ҳайкал гузоштем. Китоби «Ҷадид» рӯи чопро дид. Аммо ҷойи марги Беҳбудӣ ҳанӯз ҳам ёфт нашудааст.
— Чуноне ки таъкид намудем, дар хонаи худ музейи қошуқҳо ташкил кардед. Ин фикр чӣ хел пайдо шуд?
— Аввал ба нақша гирифтам, ки дар ин ҷой осорхонаи эҷодӣ ташкил кунам. Як марди гурҷӣ фикрамро дигар карда, ин ҷойро ба музейи қошуқҳо табдил дод. Дар ҳеҷ куҷои ҷумҳурӣ музейи қошуқҳо нест. Қисми асосии онҳоро шахсан худам ҷамъ кардаам. Қошуқҳои чӯбӣ на фақат зеби дастархону зарурати ошпазхона, балки осори санъати ба худ хос ҳам мебошад. Халқҳои бисёр онро рамзи ризқу рӯзӣ медонистаанд ва қошуқҳояшонро бо дуоҳои гуногун, инчунин нақшу гулҳо оро додаанд. Ин гуна қошуқҳо баробари сер кардани одам, ба онҳо завқи эстетикӣ ҳам мебахшидаанд. Зиёда аз чил сол дар куҷое бошам, аз бозорҳову ҷойҳои кӯҳнафурӯшӣ қошуқҳои чӯбиро ҷустуҷӯ кардаам. Дар музей қошуқҳои яҳудиён, ҳиндҳо, гурҷиён ва дигарҳо низ ҳаст. Ғайр аз ин, қошуқҳои бузургоне чун Чингиз Айтматов, Машраб Бобоев ва дигарон ҳаст. Ҳоло ҳама қошуқҳои оҳанин ва пластикиро истифода мебаранд. Аммо қошуқҳои чӯбӣ бо аз масолеҳи табиӣ будани худ ба организми инсон фоида дорад.
— Устод, акнун чанд савол медиҳам, ки ба онҳо метавонед кӯтоҳ ҷавоб диҳед!
— Хуб!
— Ба кадом кори дар роҳи эҷод анҷом надодаатон афсӯс мекунед?
— Дар бораи одамон чуқуртар менавистам, тақдири Ватанро, пешравӣ ва сабабгорони онро навиштанро мехостам.
— Китоби беҳтарине, ки хондаед ва он дар шумо чӣ гуна таъсир гузоштааст?
— Китоби «Мартин Иден»-и Ҷек Лондон яке аз китобҳои дӯстдоштатаринам мебошад. Чунки дар замири он тақдири инсон аз ҳама чиз боло гузошта мешавад!
— Ҳеҷ фикри аз эҷод даст кашиданро кардаед?
— Баъзан журналистӣ одамро дилгир мекунад. Гоҳо муаммоҳои иқтисодӣ эҷодкорро ранҷ медиҳанд. Бисёр журналистон аз ин сабаб роҳи соҳибкориро интихоб мекунанд.
— Сирри нигоҳ накардани шумо ба объективи фотокамера дар чист?
— Одат! Дигар сабаб надорад.
— Бахт дар чист?
— Бахт — ба мақсад расидан, барои он мубориза бурдан.
— Таъриф ё танқид?
— Бисёриҳо «таъриф одамро вайрон мекунад» мегӯянд, аммо таъриф ҳам зарур. Таърифи адолатнок, ҳақиқӣ. Аммо танқиди дуруст аз он беҳтар. Баъзан муваффақиятҳоро гуфтан даркор.
— Корҳое, ки бахшида наметавонед?
— Мунофиқӣ, фурӯшандагӣ… Он иллатҳое, ки инсоният бахшида наметавонад, нисбати онҳо нафрат дорад, ман ҳам аз онҳо дурӣ меҷӯям ва бахшида наметавонам. Ин табиист.
— 85‑соли умр чӣ хел гузашт?
— Зуд! Инсон мехоҳад бештар зиндагӣ кунад. Ман фикр мекунам, ки тӯли ин солҳо барои фарзандон мероси муносиб гузоштаам. Аз ҳама муҳимаш китобҳо… Онҳоро навишта тавонистам!
— Ташаккур, устод, барои суҳбати самимона!
Мусоҳиб Шаҳзод КЕНҶАЗОДА.
Тақдири инсон аз ҳама чиз болост!
