Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят бахшида ба ёдбуди ҷадиди самарқандӣ, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва драматург Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Онро сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ифтитоҳ бахшида, барои бо қисми бадеӣ оғоз намудани чорабинӣ навбатро ба донишомӯзони мактаби миёнаи рақами 9-уми шаҳри Самарқанд дод. Онҳо оиди тарҷумаи ҳол, мероси адабиву фарҳангии Ҳоҷӣ Муин маълумот дода, аз эҷодиёти адиб намунаҳо пешкаш намуданд ва бо рақсу сурудҳо хотири иштироккунандагонро болида сохтанд.
Публисисти шинохта ва муаллифи китоби «Ҷадидони Самарқанд» – Ҳамза Ҷӯра, ҳангоми суханронии худ таъкид кард, ки танҳо дар шаҳри Самарқанд беш аз 50 ҷадид зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Ин афроди рӯшанфикр барои тараққиёти ҷомеа, боло бурдани сатҳи маърифат ва рушди маориф талош мекарданд. Яке аз машҳуртарин ва барҷастатарини онҳо Ҳоҷӣ Муин буд. Ӯ барои таълими насли наврас бо усули ҷадидия мактаб таъсис дода, тамоми хароҷоти онро аз ҳисоби даромади меваи боғи худ мепардохт. Ин амали ӯ дар он замон, ки илму маърифат зиёд қадр карда намешуд ва таълим бо усулҳои кӯҳна сурат мегирифт, намунаи ҳақиқии қаҳрамонӣ буд.
– Ғояҳои ҷадидон, аз ҷумла, афкори пешқадами Ҳоҷӣ Муин то имрӯз ҳам арзиш ва аҳамияти худро гум накардаанд, – гуфт Хуршид Нуриллоев, раиси Бунёди “Нуроний”-и шаҳри Самарқанд. – Дар шароити муосир низ масъалаи таълиму тарбияи дуруст аз муҳимтарин ниёзҳои ҷомеа мебошад. Имрӯз мо беш аз ҳар вақти дигар ба дониш ва маърифат ниёз дорем. Танҳо тавассути илму фарҳанг метавонем ба як ҷомеаи пешрафта ва бомаърифат табдил ёбем. Дар ин ҷода, мероси фикрии ҷадидон барои мо як мактаби бузурги ҳаётӣ мебошад.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки барои расидан ба чунин мақсади хеле бузург мо бояд аз ҳар гуна ҳою ҳавасҳои беҳуда, ки инсонро аз роҳи рушди маънавӣ ва иҷтимоӣ дур месозад, канораҷӯӣ кунем.
Ба андешаи раиси Бунёди “Нуроний”, бо нигоҳ ба таҷрибаи гузашта ва пайравӣ ба шахсиятҳои бузурге чун Ҳоҷӣ Муин, мо метавонем ба ояндаи дурахшоне, ки онҳо барои он мубориза бурда буданд, ноил гардем. Барои ин, ҳар як фарди ҷомеа бояд масъулиятро дар назди худ ва наслҳои оянда дарк намуда, барои такмили дониш ва рушди маънавии худ саъй намояд.
Дар рафти чорабинӣ Нигора Садинова, роҳбари шӯъбаи Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат дар шаҳри Самарқанд таъкид намуд, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон ба омӯзиши ҳаёт ва мероси гаронбаҳои ҷадидон, инчунин, ба татбиқи таҷрибаи зиндагии онҳо таваҷҷӯҳи хосса дода мешавад.
– Омӯзиши таҷрибаи зиндагии ҷадидон ва татбиқи андешаҳои онҳо дар шароити имрӯза ба мустаҳкам намудани худшиносӣ, рушди маънавии ҷомеа ва болоравии сатҳи маърифат кӯмак мекунад. Давлат дар ин самт корҳои васеъмиқёс анҷом медиҳад, ки ин гувоҳи эҳтиром ба таърих ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург мебошад, – гуфт ӯ.
Дар охири тадбир авлодони Ҳоҷӣ Муин ва Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба сухан баромада, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки ҳамчун пайравони ҷадидон, мо мафҳуми аслии ғояҳои онҳоро танҳо бо хондани асарҳояшон ва шиносоӣ бо мероси маънавии онҳо дарк карда метавонем.
Зикрулло АБДУЛЛОЕВ
