Мақомоти Прокуратураи вилояти Самарқанд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар садорату идораҳои вилоят чорабиниҳои тарғиботӣ баргузор менамояд.
Дар яке аз чунин чорабиниҳо, ки дар шӯъбаи корҳои дохилии вилоят доир гашт, ҷонишини якуми прокурори вилоят С.Бозоров оид ба таъмини иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон 5-уми марти соли равон дар ҷамъомади васеи Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия гузошта шуда буданд, суханронӣ намуд.
Дар ҷамъомад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят содир гардидаанд, таъкид гардида, огоҳӣ дода шуд, ки ҳар гуна ҳолатҳое, ки боиси коррупсия мегардад, ҳолати фавқулодда баррасӣ гардида, нисбати шахсони мансабдоре, ки сари вақт ва босифат иҷрои вазифаву супоришҳоро таъмин намекунанд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва дигар ҷавобгарӣ кашида, инчунин чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Дар ҷамъомаде, ки дар шӯъбаи вилоятии хизмати санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии аҳолӣ бо иштироки ҷонишини прокурори вилоят А.Зокиров баргузор гардид, таъкид гардид, ки ҳар гуна ҳолате, ки боиси коррупсия мегардад, бояд ҳолати фавқулода дониста шуда, масъалаи ҷавобгарии гунаҳгорони чунин ҳолатҳо ҳалли худро ёфта, чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар чорабиниҳо, инчунин доир ба таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, паҳн намудани иттилоот ба ҷомеа, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, роҳандозии мулоқоти самаранок бо аҳолӣ тавсияҳо дода шуданд.
Ғ.ҲАСАНОВ
