Ovozi.uz

Ҳокими вилоят бо ҷавонони гӯзалкентӣ мулоқот кард

Рӯзи 11-уми июли соли равон бо иштироки ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва ҷавонони маҳаллаи Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам мулоқоти кушоди “Ҳоким ва ҷавонон” баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ муроҷиати қариб 50 нафар ҷавонон аз рӯйи масъалаҳои гирифтани кредити имтиёзнок ва ҷудо кардани субсидия барои роҳандозии фаъолияти тадбиркорӣ, гирифтани қитъаи замин, таъмини шуғл, харидани хонаву ҷой шунида шуд ва бобати ҳаллӣ самараноки ҳар як муроҷиат ба мутасаддиён супоришҳо дода шуда, вақти иҷро муқаррар гардид.
– Ҳоло дар мактаби таълими умумии рақами 84-и ноҳия ба донишомӯзон аз фанни химия дарс медиҳам, — гуфт Ҳамроҳ Холқулов. – Дар ҷараёни дарс шоҳиди ба донишандӯзӣ афзудани таваҷҷӯҳи хонандагон мегардем. Аксари онҳо мехоҳанд дар дарсҳои иловагӣ иштирок карда, дониши фаннии худро такмил диҳанд. Дар мулоқоти имрӯза ба ҳокими вилоят аз рӯйи масъалаи ҷудо кардани субсидия барои харидани таҷҳизоти зарурӣ баҳри маркази хонишӣ муроҷиат кардам. Ба мутасаддиён супориш шуд, ки масъаларо омӯхта, муроҷиати маро ҳал намоянд.
Дар рафти қабули сайёр сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Олтиқаҳрамони ноҳия Дилшод Ҷӯраев гуфт, ки нияти васеъ намудани доираи фаъолияти Маркази таълимии технологияҳои иттилоотиро дорад ва бобати ҷудо кардани маблағ баҳри харидани 20-то маҷмааи компутерӣ ёрии амалӣ пурсид. Барои ҳалли масъала масъулон вобаста гардиданд.
Дар идома ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов якҷоя бо ҳокими ноҳия Шерзод Раҳмонов бо сардорони ҷавонони маҳаллаҳои ноҳия сӯҳбат карданд.
Дар он ҳокими вилоят ба масъалаҳои ҳаллу фасли мушкилоти ҷавонон дар ноҳия таваҷҷӯҳ намуда, мушкилиҳое, ки дар рафти кори сардорони ҷавонон ба чашм мерасанд, бо иштироки роҳбарони секторҳои ноҳия баррасӣ гардид.
Инчунин, пешниҳоду ташаббусҳои сардорон шунида шуда, ба сифати таҷрибаи Пастдарғам амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳо ба нақша гирифта шуд.

Хидмати матбуоти Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон.