Китоби мазкур, ки ба қарибӣ дар нашриёти «Фан зиёси» интишор гардид, ҳикояву ҳаҷвия, латифаву мутоибаҳои таълифоти солҳои охири ду намояндаи барҷастаи адабиёти муосири Ӯзбекистон — нависандаи ҳаҷвнигор Бахтиёри Ҷумъа ва адиба Маҳбуба Турсуноваро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки «Як тиру ду нишон» якумин китоби онҳо нест, ки дар якҷоягӣ ба табъ мерасад. Пеш аз ин ҳам Бахтиёри Ҷумъа ва Маҳбуба Турсунова китобҳои зиёдро якҷоя баровардаанд.
Ба мухлисони ин эҷодкорон маълум аст, ки қариб дар ҳар як ҳаҷвияву латифаҳои эшон зери пардаи воқеаи хандаовар, ягон муаммову камбудии дардноки ҷомеа ҳам тасвир меёбад, ки дар асл гиряовар аст. Ин маънӣ дар охири китоби мазкур аз номи муаллифон чунин оварда шудааст: «Ҳоло ягон чизи хандаовар навиштанӣ шуда, ба паси миз шинем, он як ҳикояи гиряовари хандаомез мешавад. Чизи ҷиддие навиштан хоҳем, хоҳ-нохоҳ одам вақти хондан механдад».
Воқеан, вақте ҳикояҳои ин китобро мехонед, дар нуктаи хандаовар, гоҳо ба андеша фурӯ меравед. Тасвири ягон ҳолати дар асл ҷиддиро бошад, бо ханда мутолиа мекунед. Ин ҳама аз услуби нигориши тоза ва истеъдоди баланди муаллифон дарак медиҳад. Забони соддаву фасеҳи китоб бошад, барои тоифаи хурди хонандагон ҳам осонхон аст.
Умедворем, ки китоби тозанашри «Як тиру ду нишон» ба яке аз китобҳои маҳбубу писандидаи китобхонҳо табдил меёбад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Дар зер якчанд ҳикояи кӯтоҳи китобро намуна меорем:
Устои бепул
— Ҳамсоя, поятон ба лаби гӯр қариб мерасаду то ҳол устогия напартофтаед. О, лағжида ҷавонмаргакак нашавед?
— Ман истода, бачаҳо устои пулакӣ оварданӣ.
— Нағз-дия, шуморо ҳурмат мекардаанд-ку.
— Шумо чиҳо мегӯед? Ҳаққи чалаустоҳоя аз худам гиранд, магар ҳурмат мешавад?
Аз кӣ метарсед?
— Бибиҷон, шумо аз гови чанбаршох метарсед ё аз бобоям?
— Ман аз келинҳо метарсам.
Хонаи охирин
— Падар, якравӣ накунед. Ман ноинсоф не. Пули меҳмонхонаро медиҳам. Ду-се вақт он ҷо равед. Ба наберетон — Бобохоҷа арӯс биёрем, кораш «таъҷилӣ» барин.
— Чи? «Шаф-шаф» гуфта дигар маро фиреб дода наметавонӣ. Ба панҷ писарат хонаҳои маро тақсим карда додӣ. Мехоҳӣ хонаи охиринамро гирӣ? Хобатро ба об гӯй! Ҳамин дафъа худам зан мегирам!
Маҳбуба ТУРСУНОВА
Назри даст
— Устоҷон, ин назри дастатон. Гиред!
— О, ин чи хел мешавад-а? Мо бо якдигар хешу табор бошем…
— Гиред, гиред. Расмаш ҳамин хел: агар нагиред, дастатон дард мекунад!
— Гуфтам-ку намегирам.
— Чаро?
— Агар кам бошад…
«Китобхона»
Либоспӯшиатонро бинед: аз даҳони мор кашида гирифтагӣ барин ҳамааш ба худатон шинаму мувофиқ. Гарду чангеро намебинед. Дарзмолхӯрда, ягон камбудиеро бо микроскоп кобед, ки намеёбед. Худи маданияти либоспӯшиатон як китоб маънӣ дорад.
Гапзаниатон чӣ? Дар вақти сухан кардан ҳар як калимаро дар мағзи каллаатон баркашида, баъд ба забон меоред. Тамоми суханонатон пурмазмуну ҳикматомез. Гапзаниатон ҳам як китоби алоҳида.
Шину хезатон ҳам як олами ибратомӯз барин.
Рафтору кирдоратон ҳам як китоб аст. Хулоса карда гӯем, шумо одам не, як китобхонаи калон ҳастед. Вале сад афсӯс, ки аз ин китобхона ягон кас баҳраманд намешавад.
Бахтиёри ҶУМЪА
