Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд дар доираи лоиҳаи илмӣ-маърифатӣ ва тарғиботии «Корвони маънавият» таҳти мавзӯи «Тамаддун, маданият ва маърифат» чорабинӣ баргузор шуд.
Зимни лоиҳаи мазкур дар саросари ҷумҳурӣ чорабинӣ, ҷамъомад ва вохӯриҳои тарғиботӣ баргузор гардида, инак навбати вилояти Самарқанд расид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилоят, роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Отабек Ҳасанов, раиси Маркази тамаддуни исломӣ Фирдавс Абдухолиқов, мушовири ректори Донишкадаи байналхалқии молия-технологияҳои Тошканд Назрулло Ҷӯраев, имом-хатибон, зиёиёни вилоят ва раисони маҳаллаҳо иштирок карданд.
— Барои ҷавонони имрӯза душвор аст, — гуфт О.Ҳасанов. — Зеро, қувваҳои бадкирдори беруна ба воситаи телефон мехоҳанд ба шуури ҷавонони мо таъсири манфӣ гузоранд ва онҳоро аз роҳи рост берун кунанд. Аз ин рӯ, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ контентҳои барои шуури ҷавонони мо зарарнок паҳн мекунанд ва ҷавононамон, ба ҳисоби миёна, рӯзе ду соат вақти худро бо тамошои онҳо мегузаронанд. Ин ҳолат рафта-рафта онҳоро аз пос доштани арзишҳои миллӣ дур мегардонад. Аз ин боис, зиёиён, нурониён, фаъолон, ҳоҷибобову ҳоҷимомоҳо бояд якҷоя барои ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани ҷавонон кӯшиш намоем.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкил намудани «Корвони маънавият» зиёд кардани дониш ва таҷрибаҳои олимон, зиёиён, намояндагони санъат ва маънавият, фаъолони маҳалла ва ҷавонони пешқадам, инчунин дарки ислоҳоти самти мафкураи миллии кишвар ва ҳифзи ҷамъият, хусусан ҷавонон аз ғояҳои вайронкор мебошад. Ғайр аз ин, ба воситаи зиёиён ба халқамон расонидани мазмуну моҳияти суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис рӯзҳои 18–20‑уми ноябр барпо гардид, пешбинӣ шудааст.
— Ба «Корвони маънавият» эҳтиёҷи бузурги объективӣ ба миён омада буд, — гуфт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор М. Пардаев. — Чунки барқарорсозӣ, бунёд ва ривоҷ додани ҷамъият танҳо бо ислоҳоти иқтисодӣ ба даст намеояд. Омили асосии расидан ба ҷомеаи солим маънавияти воло ба шумор меравад. Ғановати ҷомеа фақат аз ҷиҳати моддӣ нест, аз ҷиҳати маънавӣ ҳам ҳаст. Дар минтақаҳо гузаронида шудани чорабиниҳои «Корвони маънавият» дар рушди маънавии мо аҳамияти бузург дорад ва ин намунаи эътибори алоҳида ба тарбияи ҷавонон дар кишвари мо мебошад.
Дар доираи лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани анҷумани «Ӯзбекистони Нав — фалсафаи ислоҳот», дарсҳои маҳорат бо иштироки ҷавонони фаол дар мавзӯи «Ҷавонони замонавӣ — драйвери тараққиёт», инчунин рӯнамоии китоб-албоми «Навиштаҷотҳои обидаҳои Ӯзбекистон» ба нақша гирифта шудааст.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
