Ислоҳоте, ки дар соҳаи таълим амалӣ мешавад, баробари баланд бардоштани сифат ва сатҳи таълиму тарбия, барои хубтар аз худ кардани илму дониш аз ҷониби донишомӯзон мусоидат мекунад.
Ба шарофати имзо гардидани як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар ин самт, сифат ва самаранокии таълим, дастовардҳои соҳа бамаротиб афзуд, пойгоҳи моддиву техникии мактабу кӯдакистонҳо мустаҳкам гардид.
Аз ҷумла, дар асоси Қарори Президенти мамлакат аз 25-уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2024–2026» дар 106 мактаби таълими умумӣ ва 27 ташкилоти таълими томактабии вилоят анҷом додани корҳои сохтмонӣ, тармимӣ ва таъмири мукаммал муқаррар гардида, ин масъала ба барномаи инвеститсионӣ ворид карда шуд. Маҳз бо мақсади омӯхтани корҳое, ки дар асоси барнома иҷро мешаванд, гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят ташкил гардид.
Дирӯз дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилоят бахшида ба баррасии натиҷаҳои корҳои омӯзишӣ бо иштироки роҳбари вилоят Адиз Бобоев ва масъулони ташкилотҳои мутасаддӣ ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ зикр гашт, ки ҳоло дар 6 мактаб ва як кӯдакистон корҳои бунёдкорӣ ва реконструксионӣ суст идома меёбанд. Ташкилотҳои сохтмонӣ дар рафти анҷом додани корҳои бунёдкорӣ ба муддатҳои муқарраргардида амал намекунанд. Аз ҷумла, дар мактаби нави мавзеи Қаросув, ки барои 1680 нафар пешбинӣ шудааст, биноҳои иловагии мактабҳои ҳамагонии рақами 12 ва 40‑уми шаҳри Самарқанд, бинои мактаби рақами 69‑уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сойгузари ноҳияи Ургут, маскани нави таълимии ноҳияи Қӯшработ, бинои ташкилоти таълими томактабии ноҳияи Самарқанд, ки дорои 120 ҷой мебошад, корҳои бунёдкорӣ ва таъмирӣ ба анҷом нарасидаанд.
Адиз Бобоев ба роҳбарони секторҳо супориш дод, ки бо рафти корҳои сохтмонӣ дар объектҳо аз наздик шинос шуда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ба масъулон ёрӣ расонанд ва ҳамарӯза бо рафти корҳо шинос шуда, дар вақти муқаррарӣ ба истифода супоридани объектҳоро назорат кунанд.
Хидмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.
