Дар шаҳри Брюссели Белгия дар асоси барномаи ERASMUS+ ва дар доираи лоиҳаи «Магистратураи нав оид ба алоқаҳои фотоника ва оптик барои қонеъ намудани эҳтиёҷи бозори меҳнатии телекоммуникатсионӣ дар Ӯзбекистон (INMACOM)» вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар он профессор-устодони донишгоҳҳои Брюсел ва Тент, Донишгоҳи политехникии Турини Италия, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва филиали Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд дар Урганҷ ва мутахассисони ташкилоти «Ӯзбектелеком» иштирок карданд.
— Лоиҳаи INMACOM яке аз барномаҳои бонуфузи сохтори таълими олӣ ба шумор меравад, — гуфт проректори якуми Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Аҳмадҷон Солиев. — Дар вохӯрӣ ҳисоботи солонаи лоиҳа ва нақшаҳои ояндаи он муҳокима карда шуданд. Ҳар як донишгоҳи ҳамкор аз рӯи корҳое, ки дар доираи лоиҳа амалӣ намудаанд, ҳисобот доданд. Хусусан, дар соли хониши 2023-2024 дар донишгоҳи мо оид ба фотоника бахши магистратура кушода шуд. Машғулотҳои дарсии ин бахш, ки дар ҷумҳурӣ ягона шумурда мешавад, дар асоси нақшаи хониш ва барномаҳои фаннии донишгоҳҳои Аврупо ба роҳ монда шудааст. Дар вохӯрӣ мо оид ба корҳое, ки то имрӯз дар ин самт ба анҷом расонида шудаанд, маълумот додем.
Дар чорабинӣ иштирокчиён бо намояндагони ҳамкор оид ба масъалаҳои ташкили равандҳои таълимӣ ва назорати сифати таълим дар донишгоҳҳои Аврупо табодули афкор намуда, бо фаъолияти лабораторияҳои мавҷуди илмию таълимии Донишгоҳи Брюссел шинос шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни Донишгоҳи Брюссел ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд мувофиқа карда шуд, ки моҳҳои феврал ва марти соли 2025 2 нафар магистрант, ки дар риштаи фотоникаи ДДС таҳсил мегиранд ва 2 нафар профессор дар Донишгоҳи Брюссел таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Абдувоҳид ҶУМЪАБОЕВ
