Барф меборид. Шамол намевазид ва зарраҳои калони фаххаки барф батаънӣ аҷоибу ғарoиб рақскунон чарх мезаданду оҳиста-оҳиста ба замин наздик мешуданд.
Ду барфрезае, ки ҳамроҳ парвоз мекарданд, қарор доданд, ки бо якдигар сӯҳбат намоянд. Аз тарси гум кардани якдигар онҳо дасти ҳамдигарро гирифтанд. Яке аз онҳо хушҳолона гуфт:
– Бо ҳаловат парвоз кардан чӣ хел нағз!
– Ин парвоз не, мо ҳамин тавр меафтем, – ғамгинона ҷавоб дод дигаре.
– Ҳамин замон мо бо замин вомехӯрем ва ба кӯрпаи сафеди тибетӣ табдил меёбем!
– Не, мо ба пешвози марг парвоз мекунем. Дар замин моро таги по мекунанд.
– Мо ба ҷӯйча табдил меёбем ва ба сӯйи баҳр мешитобем. Мо ҷовидон зиндагӣ мекунем! – гуфт барфзарраи аввалин.
– Не, мо об ва тамоман гум мешавем, – ба вай зид баромад барфзарраи дуввумин.
Ниҳоят баҳс кардан ба дили онҳо зад. Онҳо дастони худро аз якдигар раҳо карданд ва ҳар кадоме ба сӯйи тақдири худ, ки худи онҳо интихоб карда буданд, парвоз намуданд.
