Дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1-4 ва устодон Соати маърифатӣ баргузор шуд. Мавзӯи асосии вохӯрӣ мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он буд.
Дар ҷараёни чорабинӣ устодон ва донишҷӯён дар бораи оқибатҳои манфии коррупсия ба ҷомеа ва рушди кишвар фикрҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муҳимияти шаффофият ва адолат дар ҷомеа иқтибос оварда шуда, таъкид гардид, ки мубориза бо ин мушкилот на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шахси бошуур аст.
Донишҷӯён бо саволҳои худ дар муҳокима иштирок намуда, фикру пешниҳодҳои худро дар бораи роҳҳои кам кардани коррупсия дар соҳаҳои гуногун иброз намуданд. Устодон қайд карданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва тарбияи ҳисси масъулият дар онҳо барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб кӯмак мекунад.
Чорабинӣ дар муҳити озоди гуфтугӯ баргузор гардида, ба донишҷӯён имкони фароҳам овард, ки донишҳои муфидро аз худ кунанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, ҳар рӯзи ҷумъа аз соати 8:00 то оғози дарси аввал дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ Соати маърифатӣ баргузор мешавад. Ин ташаббус барои баланд бардоштани маърифат, такмили ахлоқи донишҷӯён ва муҳокимаи мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ равона шудааст.
Зикрулло Абдуллоев
