Имрӯз ҳар як падару модар мехоҳанд, ки фарзандашон дар мактаби дорои сифати хуби таълимӣ ва шароитҳои замонавӣ таҳсил гиранд. Ғайр аз ин, мутобиқи ислоҳоте, ки дар сохтори таълим амалӣ мегарданд, муассисаҳои таълимӣ низ бояд қиёфаи замонавӣ дошта бошанд.
Мактаби мо соли 1969 бунёд гардида, барои таҳсили 850 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳоло ба донишомӯзон 62 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Дар мактаби мо дар соли таҳсили 2021–2022 аз 54 нафар хатмкунанда 24 нафар, дар соли хониши 2022–2023 аз 28 нафар 23 нафар донишомӯз донишҷӯи муассисаҳои таълими олӣ гардиданд.
Хонандагонамон дар мусобиқаҳои варзишӣ низ ба комёбиҳо ноил гардиданд. Аз ҷумла, донишомӯзи синфи шашум Меҳрубон Ҳакимова дар олимпиадаи «Панҷ ташаббус» аз рӯйи намуди шоҳмот дар вилоят ҷойи якумро ба даст овард. Инчунин, дар мусобиқаи волейбол дастаи духтарони мактабамон доим дар қатори пешсафонанд. Хонандаи синфи ёздаҳум Муҳаммадқодир Эргашев дар мусобиқа аз рӯйи камонварӣ, ки дар Беларус гузаронида шуд, ҷойи сеюмро соҳиб гардид.
Соли 2023 мактаби мо мақоми «Мактаби замонавӣ»-ро гирифт ва соҳиби сертификат шуд. Боиси ифтихор аст, ки соли таҳсили 2023–2024 ро 5 нафар хонандаамон бо медали тилло хатм карданд.
Мактаби мо дар асоси қарори Президенти мамлакатамон аз 25 уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2024–2026» ба барномаи инвеститсионӣ ворид гардида, ҳоло корҳои таъмири асосӣ идома меёбанд.
Дилдора ШУКУРОВА,
директори мактаби таълими умумии рақами 1-и ноҳияи Самарқанд
