Ovozi.uz

Истиқбол аз пайрави Зулфия

28 нафар духтарони мо, ки бо донишу истеъдоди худ ба ҳамсолони худ намунаи ибрат шуда, дар арафаи Рӯзи байналмилалии занон барои дастовардҳои худ бо Мукофоти давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардиданд.

Дар байни онҳо муаллимаи эҷодкори пастдарғамӣ Гулҳаё Анорова низ ҳаст.

Ба ин муносибат дар муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 52-и маҳаллаи Балхиён бо иштироки сарвари садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят М.Ҳадамов, ҳокими ноҳияи Пастдарғам Ш.Раҳмонов, масъулони дахлдор ва фаъолони маҳалла чорабинӣ баргузор гардид.

Онҳое, ки дар чорабинӣ суханронӣ карданд, Гулҳаёро бо мукофот табрик гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки сафи чунин ҷавононе, ки дар ободии кишвару фаровонии халқ саҳм мегузоранд, бештар хоҳад шуд.