Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки пайравони жадидон таҳти мавзӯи “Рӯзномаи “Зарафшон” – пули мероси ҷадидон ва гузаштагон” чорабинии маънавиву маърифатӣ баргузор гардид. Чорабиниро муҳаррири рӯзномаҳои муштараки “Зарафшон” ва Самаркандский вестник” Фармон Тошев оғоз намуда, дар мавзӯи “Аз таърих ба оянда: пайравони зиёиёни миллат” сухан кард.
Сипас, меҳмонони чорабинӣ — набераи Абдулла Авлонӣ Ҷамшед Авлонӣ, абераи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Шохрух Беҳбудӣ, набераи Саид Ризо Ализода Фарҳод Ализода ва набераи Хоҷа Муин Бахтиёр Баҳриев ба сухан баромада, оиди фаъолият, оила ва муносибати жадидон бо аҳли оила ва фарзандонашон ҳарф заданд.
— Хеле хурсанд шудам, ки хотираи поки бобоямро ба ёд овардед, — гуфт олими кимёгар, профессор Ҷамшед Авлонӣ. – Медонем, ки дар таърих шахсони обрӯманду бадавлат бисёр буданд, лекин имрӯз дар ҷамъияти мо ба ҷадидон ва мероси онҳо эҳтирому эътибори махсус дода мешавад. Ҳатто ба онҳо орден дода шуд. Ин албатта, натиҷаи ҳурмату эҳтиром ба рӯҳи онҳо мебошад. Ҳама медонад, ки давраи зиндагии Абдулла Авлонӣ хеле вазнин гузаштааст. Он кас дар мактаби динӣ таълим гирифтаанд. Баробари ин ба илмҳои дунёвӣ шавқи зиёд доштаанд. Ҳамон солҳо подшоҳи Афғонистон ба Абдулло Авлонӣ соат тӯҳфа кардааст, ки ман онро ҳамчун экспонати таърихӣ нигоҳ медорам. Ғайр аз ин ҳамон вақт аз китобҳои бобоям муаллимони Афғонистон истифода бурда, аз рӯи он ба хонандагон дарс додаанд. Аз ин рӯ, хизмати бобоям на танҳо дар соҳаи таълими Ӯзбекистон балки дар миқёси байналхалқӣ низ калон аст. Ҳоло ба номи Абдулло Авлонӣ кӯча, мактаб мавҷуд аст, дар оянда ният дорам, ки ба номи Абдулло Авлонӣ лаборатория ташкил намоям.
Таъкид гардид, Самарқанд ҳамчун яке аз марказҳои илму маърифат дар ташаккули афкори миллӣ ва ҳаракати ҷадидӣ нақши муҳим дорад. Дар охир ба набераву аберагони ҷадидон тӯҳфаҳои хотиравии таҳририяти рӯзномаи “Зарафшон” тақдим гардид.
Чорабинӣ бо мақсади поси хотираи ҷадидон, шиносоӣ бо мероси маънавиву маърифатии онҳо ва мустаҳкам кардани робитаҳои наслҳо ташкил гардид.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
