Ovozi.uz

Ҳавопаймои Lufthansa дар фурудгоҳи Франкфурт сахт фуруд омад

Дар фурудгоҳи Франкфурт шассии пеши ҳавопаймои Boeing 787-9-и Lufthansa аз кор баромад, ки боиси сахт фуруд омадани ҳавопаймо шуд. Дар ин бора расонаҳои олмонӣ хабар доданд.

Якчанд корманди фурудгоҳ ҷароҳат бардоштаанд ва ҳоло ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Оператори фурудгоҳи Фрапорт «ҳодиса»-ро тасдиқ ва маълумоти иловагӣ пешниҳод кард.

Ширкати ҳавопаймоӣ гуфт, ки барои тафтиши ин ҳодиса як гурӯҳи инқироз таъсис дода шудааст.

«Якчанд корманд ҷароҳат бардошта ва ҳоло ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад», — гуфта мешавад дар баёноти Lufthansa.

Хабар дода мешавад, ки экипаж дар вақти ҳодиса аллакай дар ҳавопаймо будаанд, аммо мусофирон набудаанд, хабар медиҳад report.az.