Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14-уми октябри соли 2026, бо моддаи 9 ба моддаи 161 Кодекси меҳнат, ки ба қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дахл дорад, банди 5-1 илова карда шуд.
Мувофиқи ин банд, агар корманди муассисаи таълимӣ, ки ба зиммааш ӯҳдадории тарбия ва таълим додани кӯдак гузошта шудааст, барои нисбат ба кӯдак содир намудани зӯроварӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, корфармо метавонад шартномаи меҳнатии ӯро қатъ намояд.
Барои татбиқи ин асос бояд ҳамзамон шартҳои зерин мавҷуд бошанд: ➖ корманд дар муассисаи таълимӣ кор кунад; ➖ ба зиммаи ӯ уҳдадории тарбия ва таълим додани кӯдак гузошта шуда бошад; ➖ ӯ барои нисбат ба кӯдак содир намудани зӯроварӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад.
Ҳамин тавр, корманди муассисаи таълимӣ, ки нисбат ба кӯдак зӯроварӣ содир кардааст, метавонад на танҳо ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонун кашида шавад, балки аз ҷойи кор низ маҳрум гардад.
