Дар тибби мардуми Шарқ аз давраҳои қадим ҳиноро дар табобати захм, бемориҳои пӯст ва рагу пайванд истифода менамуданд. Хислатҳои шифобахши он: як миқдор ҳинои тар ва ҳамон миқдор барги чормағзро бигиранд. Аввал барги чормағзро кӯфта, баъд ҳар дуро якҷо кӯфта гузошта банданд, байза ном дарди тамоми сарро, ки азияти муттасил мебошад, шифо мебахшад; инчунин дарди нимсарро низ дафъ мекунад ва дарди сарро, ки сабабаш ҷамъ шудани бодҳо ва балғам дар сар бошад, ба ибро меоварад. Агар барги ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро дафъ мекунад; бо зифт (қатрон) ва равғани гулисурх ҳамроҳ карда гузошта банданд, захмҳои сарро шифо мебахшад. Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, решҳои даҳан ва ҷӯшиши (пухтани) даруни даҳани кӯдаконро шифо мебахшад. Ҳиноро кӯфта, бар кафи обиладори пой гузошта банданд, хусусан бо он андак гули маҳсар ва заъфарон илова карда бошанд, таъсираш бештар мегардад дар дармон гаштан; агар ба чашм бибанданд, баромадани обиларо дар он монеъ мешавад. Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро ба реши ҷамра (карбункул) ва сӯхтагии оташ кам-кам ва бардавом бирезанд, шифо мебахшад. Ҳиноро кӯфта, ба варамҳои гарм, ки аз онҳо зардоб таровиш мекарда бошад, бимоланд, сиҳат мебахшад; бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, қӯтурро ба ибро меоварад; бо оби барги беданҷир даромехта бимоланд, кафидагии пӯстро, ки куҳна шуда бошад, сиҳат мекунад ва дарди зонуро нест месозад; бо гули индов якҷо кӯфта бимоланд, ҷурра (дабба)-ро шифо мебахшад. Ҳинои хушкро кӯфта, ба захмҳо бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад. Мизоҷи гули ҳино мӯътадил ва латиф аст. 4,5 грамм гулашро бо 75 грамм об ва асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои дарди сарро дафъ мекунад, назлаҳоро қатъ менамояд, рутубатҳои нодаркор ва зарарноки баданро хушк мекунад. Гули ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта бимоланд, дарди сарро даво мебошад, вале гулашро танҳо гузошта банданд, барои фолиҷ, бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои асабонӣ ва дарди асабҳоро дармон мешавад; дарди бади гулӯро, ки аз ҷамъ шудани хун дар ин узв аст, дафъ мекунад; агар бо муми занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта бимоланд, дарди паҳлу ва лат хӯрдани аъзоро ба ибро меоварад.
Ҳино
