Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурият «Моҳонаи ҷавонон» идома дорад ва дар доираи он лоиҳаи бузурги ҷумҳуриявии «Марафони ташаббусҳо» гузаронида мешавад. Навбат ба Самарқанд ҳам расид. Шаҳраки эҷодии ҷавонони Самарқанд шукӯҳи идона дошт. Даромадгоҳи он бо шиорҳо оро дода шуда буд.
Имсол фестивали ҷавонони вилоят таҳти шиори «Ӯзбекистони Навро ҷавонон месозанд!» баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов ва ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев бо лоиҳа ва пешниҳодҳои ҷавонон шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки фестивал танҳо чорабинии маданӣ нест, балки майдони бузурги имкониятҳо, муаррифии истеъдодҳо ва кашфи чеҳраҳои нав мебошад.
Дар як тараф ҷавонон гирд омада, роботҳо месохтанд, баъзеашон барномаи нав таҳия мекарданд, бархе дигар дастовардҳои худро ба ҳозирон нишон медоданд. Павилони «Зеҳни сунъӣ ва стратапҳо» яке аз ҷойҳои серодамтарини фестивал буд. Ҳангоми гузаронидани озмуни «Robotech‑2026» иштирокчиён маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои замонавӣ нишон доданд.
Чанд қадам дуртар муҳити тамоман дигар ҳукмрон буд. Дар павилони китобхонӣ ҷавонон китоб варақ мезаданд, бо шоирону адибон сӯҳбат намуда, аз навгониҳои адабӣ огоҳ мешуданд. Бархе аз иштирокчиён мутолиаи китобҳои дӯстдоштаи худро ба дӯстони худ тавсия медоданд.
Дар павилони соҳибкорӣ ва шуғл бошад, ҷавонон бештар атрофи мутахассисон ҷамъ омада буданд. Мутахассисон ба саволҳои чӣ гуна метавон соҳибкориро оғоз кард, барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба куҷо муроҷиат намуд ва кадом касбҳо имрӯз бештар талабгор доранд, маслиҳатҳои зарурӣ доданд.
Ғайр аз ин, иҷрои суруд, рақс, театр, мусобиқаҳои шоҳмот ва намоишҳои варзишӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб кард. Дар майдони варзишӣ ҷавонон аз рӯи намудҳои гуштии миллӣ, санъати ҷанги миллӣ, тенниси рӯи мизӣ ва дигари варзиш қувваозмоӣ намуда, маҳорати худро нишон доданд.
— Чорабинӣ аз ҳар ҷиҳат хуб ташкил карда шудааст, — гуфт омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 32‑и шаҳри Самарқанд Наргиза Абдуллоева. — Вақте мо ба фестивал омадем, хонандагон бештар ба тамошои барномаҳои маданӣ шавқ доштанд. Аммо баъди дидани павилонҳои робототехника, соҳибкорӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фикрашон дигар шуд. Бештар ба роботехника шавқ пайдо карда, ҳатто таҷриба гузарониданд. Боварӣ дорам, ки чунин чорабиниҳо барои роҳи дурусти ҳаётро интихоб кардани ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Ҷавонон аз фаъолияти осорхона ва ёдгориҳои меъмории Самарқанд низ дидан ва дар чорабинии «Осорхона аз нигоҳи ҷавонон» иштирок карданд.
Ҷараёни чорабиниҳо дар қисми ҳарбӣ низ идома ёфт. Намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, мусобиқа ва озмунҳои гуногун ҷавононро бо ҳаёти ҳарбӣ аз наздик ошно намуданд. Бисёре аз наврасон бо шавқ техникаи ҳарбиро тамошо карданд ва аз хизматчиёни ҳарбӣ маълумот гирифтанд.
Дар охир ба иштирокчиёни фаъол ва садорату ташкилотҳои дахлдор, ки дар давоми сол аз рӯи сиёсати ҷавонон фаъолияти пурсамар нишон додаанд, сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят супурда шуд.
Фестивал дар Боғи «Ӯзбекистони Нав»-и шаҳри Самарқанд бо барномаи консертӣ хотима ёфт.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
