Ovozi.uz

Таътили тобистона: имконият ё вақтгузаронӣ?

Бо оғози моҳи июн барои донишомӯзон таътили тобистона фаро расид. Се моҳ метавонад ба давраи омӯзиши малакаҳои нав, рушди қобилият ва истироҳати солим табдил ёбад.

Имрӯз дар вилоятамон беш аз 544 ҳазор нафар кӯдаки аз 7 то 14‑сола зиндагӣ мекунанд. Имсол барои ташкили истироҳати онҳо 14 истироҳатгоҳ ва 57 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ омода гардидаанд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар истироҳатгоҳҳо 8710 нафар ва дар майдончаҳои солимгардонӣ 12805 нафар хонанда фаро гирифта мешаванд.

Дар назари аввал ин рақамҳо гӯё нишондиҳандаи эътибор ба ташкили истироҳати хуби кӯдаконанд. Аммо вақте онҳоро бо шумораи умумии кӯдакон муқоиса мекунем, манзара дигар мешавад. Маълум мегардад, ки ба истироҳати муташаккилона ҳамагӣ теъдоди ками донишомӯзон фаро гирифта мешаванд. Пас, садҳо нафар кӯдаки дигар таътилро чӣ гуна мегузаронанд?

Солҳои охир масъалаи истифодаи самараноки вақти холии наврасон ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ табдил ёфт. Ҳатто, дар ин бора барномаи «90 рӯзи зарбдор» роҳандозӣ гардида буд, ки ба самарабахш гузаронидани вақти холии хонандагон нигаронида шудааст. Зеро қисми зиёди донишомӯзон таътилро на бо омӯзишу такмили дониш, балки бо дилхушиҳои телефонҳои мобилӣ мегузаронанд.

— Истироҳати босифат танҳо маънои хобу фароғатро надорад, — таъкид намуд муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 80‑и шаҳри Самарқанд Гулноза Азизова. — Кӯдак бояд дар ин муддат китоб хонад, бо варзиш ва ё машғулоти дӯстдоштаи худ машғул шавад, дӯстони нав пайдо кунад ва таҷриба омӯзад. Дар акси ҳол, се моҳи таътил метавонад сабаби фаромӯш шудани қисми муайяни донишҳои дар давоми соли таҳсил азбарнамуда шавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини истироҳати босифат, бехатар ва пурмазмуни кӯдакону наврасон, барои интихоби мутахассисон тавассути платформаи электронии «Oromgohlar.uz» тарбиятгарон ва роҳбарони гурӯҳҳо ҳуҷҷатҳои худро ба таври онлайн пешниҳод намуданд. Аз байни довталабон 284 нафар мутахассиси баландихтисоси соҳаи педагогика интихоб гардиданд. Аз ҷумла, 14 нафар сартарбиягар, 71 нафар роҳбари гурӯҳ, 72 нафар тарбиятгари гурӯҳ, 14 нафар роҳбари мусиқӣ, 28 нафар мураббии варзиш, 71 нафар роҳбари маҳфилҳо ва 14 нафар китобдор ҷалб шудаанд.

— Имсол дар истироҳатгоҳҳо барномаи ҷолиб таҳия шудааст, — гуфт котиби матбуоти Иттифоқи касабаи вилоят Сардорбек Маҳмудов. — Аз ҷумла, ташкили рӯзҳои ватандӯстӣ, заковат, ҳифзи табиат, дӯстии миллатҳо, сайёҳӣ, варзиш ва эҷодкорӣ пешбинӣ шудаанд.

Инчунин, маҳфилҳои робототехника, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, кулолгарӣ, санъати тасвирӣ ва дигар равияҳои замонавӣ ташкил карда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, танҳо истироҳатгоҳҳо наметавонанд муамморо пурра ҳал намоянд. Худи масъулони соҳа таъкид мекунанд, ки иқтидори ҳозира имкони фарогирии қисми ками кӯдаконро дораду халос. Аз ин рӯ, нақши мактабҳо, марказҳои «Баркамол авлод», китобхонаҳо ва пеш аз ҳама, оила дар ин самт ниҳоят муҳим мебошад.

— Ҳар як модар мехоҳад, ки фарзандаш таътили тобистонаро бефоида нагузаронад, — гуфт сокини шаҳри Самарқанд Заррина Бадриддинова. — Мо мехоҳем, кӯдакон баъд аз анҷоми соли таҳсил истироҳат кунанд, аммо истироҳат маънои онро надорад, ки тамоми рӯзро бо телефон ё назди телевизор гузаронанд. Кӯшиш мекунам, фарзандонам дар корҳои хона иштирок намоянд, китоб хонанд, бо варзиш машғул шаванд ва вақти худро бештар дар ҳавои тоза гузаронанд. Агар мо ба фарзандон эътибор дода, онҳоро ба машғулиятҳои муфид ҷалб намоем, таътили тобистона метавонад ба давраи омӯзиши малакаҳои нав ва рушди шахсияти онҳо табдил ёбад.

Рӯҳшиносон низ бар ин назаранд, ки истифодаи дурусти таътил ба рушди равонӣ ва иҷтимоии кӯдак таъсири мусбат мерасонад.

— Таътили тобистона барои кӯдак на танҳо давраи истироҳат, балки имконияти барқарор кардани нерӯи равонӣ ва рушди иҷтимоӣ низ мебошад, — гуфт равоншинос Манзура Ҳакимова. — Мутаассифона, имрӯз қисми зиёди наврасон вақти зиёди худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои электронӣ сарф мекунанд. Ин ҳолат метавонад ба коҳиш ёфтани фаъолияти ҷисмонӣ, муоширати зинда ва ҳатто таваҷҷуҳ ба омӯзиш оварад. Барои ҳамин, муҳим аст, ки дар давраи таътил кӯдакон ба варзиш, китобхонӣ, эҷодкорӣ, сайругашт ва дигар машғулиятҳои фоиданок ҷалб карда шаванд. Кӯдаконе, ки таътилашонро бо корҳои фоиданок мегузаронанд, ба соли нави таҳсил бо рӯҳияи баланд ва омодагии бештар бармегарданд.

— Ҳар сол баробари тамом шудани дарсҳои мактаб ба хонаи модаркалонам меравам, — гуфт донишомӯзи мактаби таълими умумии рақами 22‑и ноҳияи Нуробод Муниса Исломова. — Дар хонаи модаркалонам таътили тобистона хеле шавқовар мегузарад. Модаркалонам ҳам меҳрубон асту ҳам сахтгир. Ӯ намегузорад, ки тамоми рӯзро бо телефон гузаронам. Ҳар субҳ маро аз хоб барвақт бедор мекунад ва мегӯяд: «Тобистон вақти бекорӣ нест, вақти омӯзиш ва меҳнат аст». Ба корҳои рӯзгор машғул мешавем, ҳайвонҳои хонагиро нигоҳубин ва ҳавлиро тоза мекунем. Ӯ ҳамеша аз рӯзгори гузашта қиссаҳо нақл мекунад ва ба ман панду насиҳатҳо медиҳад. Аз ҳамин сабаб, ҳар тобистон бесаброна интизори рӯзҳое мешавам, ки ба хонаи модаркалонам равам.

Барои баъзе хонандагон таътил имкони рушди донишу малакаҳои нав аст.

— Ба техника ва технология шавқи зиёд дорам, — гуфт донишомӯзи мактаби таълими умумии рақами 37‑и шаҳри Самарқанд Дониёр Исломов. — Дар вақти холӣ кӯшиш мекунам оид ба телефонҳои нав, компутер, робот ва ихтироъҳо маълумот гирам. Видеоҳоеро тамошо мекунам, ки чӣ гуна дастгоҳҳои гуногун месозанд ё барномаҳо чӣ тавр кор мекунанд. Ҳоло ният дорам аз интернет ва телефон на танҳо барои дилхушӣ, балки барои омӯзиш истифода барам. Орзу дорам, ки дар оянда муҳандис ё мутахассиси соҳаи технологияҳои рақамӣ шавам.

Пас, таътили тобистона танҳо се моҳи фориғ шудан аз дарс нест. Ин давр метавонад ба мактаби дигари зиндагӣ табдил ёбад, ки дар он кӯдак малакаҳои нав меомӯзад, ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад ва барои соли нави таҳсил қувва мегирад. Албатта, истироҳатгоҳҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, марказҳои эҷодӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт нақши муҳим доранд. Аммо масъулияти асосӣ, ҳамоно, бар дӯши оила ва худи наврасон мемонад.

Имрӯз, ки имкониятҳои гуногуни омӯзиш, шуғл бо варзиш ва эҷодкорӣ фароҳам аст, ҳар як рӯзи таътил метавонад ба таҷрибаи арзишманд табдил ёбад. Зеро кӯдаконе, ки вақти худро оқилона истифода мебаранд, на танҳо тобистонро хотирмон мегузаронанд, балки барои фардои худ низ заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА